Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Теъдоди паноҳҷӯёни эронӣ дар Олмон афзоиш ёфтааст


Теъдоди паноҳҷӯёни эронӣ дар Аврупо тайи ду соли гузашта рӯ ба афзоиш овардааст. Ба гузориши Радиои Фардо, бар асоси омори Хадамоти федеролии муҳоҷират ва паноҳҷӯён дар Олмон, танҳо дар ним соли гузашта тақрибан 1400 эронӣ барои ҳаққи паноҳандагӣ ба ин кишвар муроҷиат кардаанд, ки назар ба шаш моҳи соли гузашта 400 нафар бештар аст. Соли 2010 тақрибан 2500 шаҳрванди Эрон аз давлати Олмон чунин тақозо кардаанд. Ҳамид Нузарӣ, мудири Ҷамъияти паноҳандагони сиёсии Эрон, дар Берлин гуфтааст, теъдоди эрониёни паноҳҷӯ дар Олмон дар соли 2009 назар ба соли 2010, тақрибан 111 дар сад афзудааст. Аксарияти паноҳҷӯён аз 25 то 40 сол доштаанд.
XS
SM
MD
LG