Пайвандҳои дастрасӣ

Ҷоизаи наву баҳсбарангези Эмомалӣ Раҳмон


Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон

Ахиран расонаҳои Тоҷикистон аз тақдими ҷоизаи Шӯрои Аврупо ба раисиҷумҳури ин кишвар хабар доданд.

Бар пояи ин матолиб дар расми эълони барандаи ин ҷоиза, сафири Тоҷикистон дар Иттиҳодияи Аврупо ширкат ва зимни суханронӣ изҳори сипос кардааст, ки ба як чунин мукофоти олӣ Эмомалӣ
Яке аз меъёрҳои ин созмон, ки бар асоси он шахс баранда дониста мешавад, таъмини рушди устувор ва босуръати иқтисод, ташаккули бозори озоди иқтисодӣ дар кишвар, тақсимоти дурусти даромадҳо ва ҳифзи адолати иҷтимоӣ дар кишвар будааст...

Раҳмонро сазовор донистаанд.

Ин созмон, ки худро Шӯрои аврупоии равобити байналмилалӣ муаррифӣ мекунад, соли 1997 дар Руминия таъсис шуда ва ниҳоди шинохташудае ҳам нест.

Он гуна ки дар торнамо ва ё вебсайти он дида мешавад, муассисаи баҳсбарангезе аст. Раҳбари он ҳам проффесори таърихшинос аз Руминия, Антон Караҷа, аст.

Дар зимн, ин унвон ё ҷоизаеро, ки "Пешвои асри 21" номгузорӣ шудааст, ин созмон на танҳо ба ЭМОМАЛӢ РАҲМОН, балки ба раисиҷумҳури Туркманистон -- Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов низ додааст

Агарчӣ тавре маълум, Туркманистон аз назари озодиҳои маданӣ ва ҳуқуқи инсон аз сӯи созмонҳои ҳомии ҳуқуқ бадтарин баҳоро мегирад ва аз ноозодтарин кишварҳои ҷаҳон дониста мешавад.





Чизи ҷолиби дигар, ки дар вебсайти ин муассиса дида мешавад, он аст, ки ба шиддат аз Башшор Асад, раисиҷумҳури Сурия ҳимоят мекунад ва мегӯяд, “ҷаҳон пуштибони ҳукумати демократии Башшор Асад аст", дар ҳоле ки ҳоло кишварҳои ҷаҳон аз ҳукумати Сурия талаб доранд, то ба рехтани хуни тазоҳургарон хотима диҳад.

Шӯрои аврупоии равобити байналмилалӣ дар моҳи майи ҳамин сол, вақти авҷи тазоҳуроти зиддидавлатӣ ва саркӯбии хушунатбори он аз
Созмонҳои
аврупоӣ Тоҷикистонро
як кишвари худкома ва ғайридемократӣ арзёбӣ мекунанд...

тарафи давлати Сурия, бо баргузории ҳамоише гуфтааст, ки тавтиаи ҷаҳоние алайҳи Сурия ва барои аз байн бурдани ваҳдати ин кишвар идома дорад ва давлати Сурия муввафақ шудааст, пеши роҳи ин тавтиаро бигирад.

Чизи ҷолиби дигаре, ки дар торнамои ин муассиса мехонем дар бораи интихоботи гузаштаи раёсати ҷумҳури Қазоқистон аст, ки агарчӣ онро созмонҳои байналмилалӣ олуда ба тақаллуб хондаанд, аммо гурӯҳи нозирони Шӯрои аврупоии равобити байналмилалӣ гуфтааст, интихоботи раёсати ҷумҳури 3-юми апрел дар Қазоқистон озод ва мувофиқ ба тамоми меъёрҳои байналмилалӣ сурат гирифт.

Гузашта аз ин, дар торнамои ин муассиса ҳеҷ телефоне барои тамос гирифтан гузошта нашудааст ва аз ин рӯ талошҳои мо барои ёфтани намояндагони ин муассиса бенатиҷа анҷом ёфтанд.

Сӯҳроб Шарифов, раиси Маркази тадқиқоти стратегии назди раисиҷумҳури Тоҷикистон
Аммо интишори ин хабар дар маҳофили сиёсии Тоҷикистон вокунишҳоеро ба бор овардааст. Зеро то ҳамин акнун созмонҳои аврупоӣ Тоҷикистонро як кишвари худкома ва ғайридемократӣ арзёбӣ карда ва онро дар радифи даҳ кишвари фасодзадаи олам мавқеъ додаанд ва аз сӯи дигар ин созмонҳо иқтисоди Тоҷикистонро як иқтисоди дар ҳоли суқут меҳисобанд

СӮҲРОБ ШАРИФОВ, мудири Маркази тадқиқоти стратегии назди раисиҷумҳури Тоҷикистон ба ин ҷоиза сазовор шудани президенти Тоҷикистонро як ғалаба хонд ва ақида дорад, ки раиси давлати Тоҷикистон ҳатто ба мукофоти Нобелӣ низ сазовор аст.





Яке аз меъёрҳои ин созмон, ки бар асоси он шахс баранда дониста мешавад, таъмини рушди устувор ва босуръати иқтисод, ташаккули бозори озоди иқтисодӣ дар кишвар, тақсимоти дурусти даромадҳо
Ҳоҷимуҳаммад Умаров, иқтисоддони саршиноси тоҷик
ва ҳифзи адолати иҷтимоӣ дар кишвар будааст, ки ба гуфтаи ин созмони зери номи "Шӯрои Аврупо" Эмомалӣ Раҳмон ба ин ин гуна дастовардҳо ноил шудааст.

Аммо ҲОҶИМУҲАММАД УМАРОВ, донишманди соҳаи иқтисод аз он изҳори тааҷҷуб мекунад, ки аз рӯи кадом меъёр метавон иқтисоди Тоҷикистонро рушдкарда ва ё ҳатто дар ҳоли рушд арзёбӣ кард. Дар ҳоле ки якуним миллион сокини он барои ҷустуҷӯи кор дар хориҷ аз кишвар аст ва тӯли бист соли истиқлол кадом як корхонаи санъатии нерӯмандеро ҳам насохтааст ва аз тарафи дигар тиҷорат дар ин кишвар асосан дар дасти як гурӯҳ мебошад:

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG