Пайвандҳои дастрасӣ

Амрико истеъфои Башшор Асадро тақозо кард


Башшор Асад, раисҷумҳури Сурия

Башшор Асад, раисҷумҳури Сурия

Амрико ва ИА аз Башшор Асад, раисиҷумҳури Сурия тақозо кардаанд, ки аз мақомаш истеъфо бидиҳад.

Ин тақозо дар ҳоле садо медиҳад, ки мақомоти ҳуқуқи башари Созмони Милали Муттаҳид омодаанд аз Шӯрои Амният бихоҳанд, ки режими Димишқро барои расидагӣ ба саркӯбии хушунатомези
Обама ин субҳ эълон кард, ҳалқаи муҳосираро дар атрофи режим тангтар хоҳад кард...

тазоҳуроти эътирозӣ ба Додгоҳи байнулмилалӣ пешниҳод кунад.

Раҳбарони Амрикову Аврупо мехоҳанд Башшор Асад истеъфо диҳад ва дар Сурия хушунатҳо хотима ёбад. Обама дар номаи дархости худ навиштааст, “мо борҳо хостаем, ки Асад бояд интиқоли демократиро раҳбарӣ кунад ва ё аз ин маҷро хориҷ шавад. Вай ин корро накард. Ҳоло замоне фаро расидааст, ки Асад ба хотири мардуми Сурия аз мақомоаш истеъфо диҳад."

Амрико ҳамчунин бар зидди режими Асад таҳримҳои шадид эълон кардааст. Дастрасӣ ба истифодаи тамоми дороиҳои ҳукумати Сурияро қатъ ва сармоягузориву судури коло ба ин кишварро
Ҳилларӣ Клинтон

мамнӯъ эълон намудааст. Ҳилларӣ Клинтон, вазири корҳои хориҷаи Амрико гуфт, қатъи воридоти нафти Сурия, яъне таҳрими воридоти нафти ин кишвар ба “қалби режими Сурия зарба мезанад”.

“Иқдомоте, ки президент Обама ин субҳ эълон кард, ҳалқаи муҳосираро дар атрофи режим тангтар хоҳад кард. Дастури вай билофосила тамоми дороиҳои ҳукумати Сурияро мунҷамид месозад ва ба қонунгузории Амрико ва шаҳрвандони он асоси ҳуқуқӣ медиҳад, ки бо ҳукумати Сурия доду гирифти молӣ ё сармоягузорӣ накунанд”,-афзуд ӯ.

Бо вуҷуди ин, баъзе аз таҳлилгарон мегӯянд, таҳримҳои Амрико шояд асароти маҳдуд дошта бошад, зеро тиҷорати Амрикову Сурия дар сатҳи поин ва воридоти нафт аз Сурия ба Амрико ночиз аст.

Муҳаммад Абдуллоҳ, фаъоли ҳуқуқи башари Сурия дар Вашингтон, ки дар авоили моҳи ҷорӣ бо Ҳилларӣ Клинтон дидор дошт, ба Радиои Озодӣ гуфт, ки изҳороти Обама ҳар гуна шакку шубҳаҳоро дар бораи мавзеъгирии Амрико аз байн мебарад.

"Мо ин изҳоротро аз муддатҳо қабл интизор будем. Бо ду сабаб: Мардуми Сурия дар дохил аз гузаштаҳо фикр мекунанд, ки ҳукумати Амрико аз раисиҷумҳури Сурия ҳимоят мекунад ва талош дорад бо вай заду бандҳои паси пардагӣ ба даст орад. Қисмати зиёди аҳолӣ бар ин ақида буданд, ки Амрико намехоҳад Асад аз мақом биравад. Барои ҳамин ҳадаф қарор додани вай аз ин роҳ ва бо садои баланд нуктаи калидист”,-гуфт ӯ.



Абдуллоҳ афзуд, ин дархости Амрико шумораи зиёди аҳолиро, ки бетарафӣ ё хамуширо ихтиёр кардаанд, ташвиқ мекунад ва акнун онҳо ба тазоҳуркунандагон ҳамроҳ мешаванд ва аз инқилоб ҳимоят хоҳанд кард.

Дэвид Камерон, нахуствазири Бритониё, Ангела Меркел, садри аъзами Олмон ва Николя Саркозӣ, раисиҷумҳури Фаронса низ дар як эъломияи мууштарак истеъфои Башшор Асадро матраҳ карданд. Раҳбарони Иттиҳодияи Аврупо низ гуфтанд, ки Асад бояд биравад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG