Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гушоиши ду навъи нави пахта дар Тоҷикистон


Гурӯҳе аз донишмандони пажуҳишгоҳи кишоварзии Фарҳангистони улуми Тоҷикистон ду навъи пахтаеро ихтироъ кардаанд, ки дар ҷаҳон назир надорад. Дар ин бора хабаргузориҳои маҳалӣ иттлоъ додаанд. Ин навъҳои пахта “20 соли истиқлол” ва “Авесто” ном гирифтаанд. Донишмандон гуфтаанд, ғӯзаи ин навъҳои нави пахта боз намешавад, ба ин далел нахи он аз нури офтоб ва боду борон осеб намебинад ва кайфияти худро нигоҳ медорад. Соли ҷорӣ ин навъи пахтаро дар ҳазор метри мураббаъ дар ноҳияи Ҳисор кишт кардаанд. Ба гуфтаи яке аз муаллифони ин гушоиши илмӣ Саидҷамол Саидов-раиси Пажуҳишгоҳи кишоварзии Фарҳангистони улуми Тоҷикистон дар сурати истифода аз таҷҳизоти зарурии парвариш ин ду навъи пахта аз як ҳектор метавонанд то 45-47 сентнер ҳосил диҳанд.
XS
SM
MD
LG