Пайвандҳои дастрасӣ

Нархи саҳом дар бозорҳои Амрикову Аврупо поин рафт


Нархи саҳом дирӯз дар бозорҳои Амрикову Аврупо ва Амрикои Лотин ба шиддат поин рафт. Бими он меравад, ки иқтисоди Амрикову кишварҳои аврупоӣ бори дигар дучори бӯҳрони молӣ шаванд. Дар Нию Йорк бозори бурси Dow Jones 3,7 дарсад поинтар аз рӯзи панҷшанбе баста шуд. Дар Порис нархи саҳом 5,5 дарсад, дар Лондон 4,5 дарсад ва дар Франкфурти Олмон 5,8 дарсад суқут кард. Нархи нафт низ 5 доллар поин рафт ва барои як бушка 82,38 долларро ташкил дод.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG