Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ғарб хостори ҷорӣ кардани таҳрим бар зидди Сурия шуд


Башор Асад

Башор Асад

Намояндагони Британияву Фаронса Олмону Португалия дар СММ мегӯянд, кишварҳои онҳо бар зидди режими Сурия барои саркӯбиҳои хунини тазоҳуроти эътирозии Сурия хостори ҷорӣ кардани қатъномаи нави Шӯрои Амнияти СММ шудаанд. Филип Парҳан-муовини намояндаи Британия дар СММ гуфт, ба ин таҳримҳо метавонад мунҷамид сохтани дороиҳо ва манъи сафари баъзе мақомоти Сурия ва таҳрими фурӯши аслиҳа ба режими Сурия дохил шавад. Амрико аз чунин пешниҳодҳо дар Шӯрои Амният ҷонибдорӣ мекунад, вале то ҳол рӯшан нест, ки ду кишвари дигари дорои ҳақи вето Русияву Чин аз ин пешниҳодҳо ҷонибдорӣ мекунанд ё хайр. Дархости таҳримҳо дар ҳоле садо медиҳад, ки президент Барак Обама ва раҳбарони Аврупо аз Башор Асад тақозо кардаанд, ки аз мақоми худ истеъфо диҳад.
XS
SM
MD
LG