Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҳушдори мақомоти Қирғизистон дар остонаи интихобот


Ӯш, акс аз бойгонӣ

Ӯш, акс аз бойгонӣ

Мақомоти Қирғизистон дар ҷануби ин кишвар дар остонаи интихоботи раёсати ҷумҳурии ин кишвар ба рӯзноманигорон ҳушдор доданд, ки аз чопи ҳар гуна мавод, ки боиси ташиди муносиботи қавмӣ мешавад, худдорӣ кунанд. Майрамбек Расулов-корманди додситонии Ӯш гуфт, мақомот аз наздик ба расонаҳо назорат мебаранд, то аз чопи ҳар гуна мавод, ки боиси оташ задани хусумати қавмӣ мешавад, ҷилавгирӣ ба амал ояд. Ӯш яке аз марказҳои муноқишаҳои қавмӣ дар Қирғизистон буд ва дар чунин муноқишаҳо бештар аз 400 нафар кушта, садҳо нафари дигар маҷрӯҳ шуданд. То 25 сентябр сабти номи номзадҳо давом мекунад, баъз аз 25 сентябр маъракаи интихоботӣ оғоз мешавад.
XS
SM
MD
LG