Пайвандҳои дастрасӣ

Афзоиши хушунат бар зидди зан дар Покистон


Як созмони дифоъ аз ҳуқуқи занон дар Покистон мегӯяд, мавориди хушунат бар зидди занон дар ин кишвар афзоиш ёфтааст. Бунёди Аврат гуфтааст, дар давоми шаш моҳи аввали соли ҷорӣ аз манотиқи мухталифи ин кишвар дар бораи хушунат алайҳи занон 4 448 гузориш расидааст. Соли гузашта дар ҳамин давра мавориди хушунат камтар будааст. Бештарин мавориди хушунат дар аёлати Панҷоб мушоҳида шудааст, сипас дар Синд, Хайбар, Паштунхво ва Балуҷистону Исломобод. Дар ин хушунатҳо 1 100 одамрубоӣ ё занрубоӣ ва 799 куштор низ дохил мешавад.
XS
SM
MD
LG