Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Полис 3 нафарро барои куштори сайёҳи қазоқ боздошт кард


Бекит Сейитов-сухангӯи вазорати корҳои дохилаи Қирғизистон
Бекит Сейитов-сухангӯи вазорати корҳои дохилаи Қирғизистон
Полиси Қирғизистон се мардеро, ки дар лату кӯб ва дуздии дороии як ҷаҳонгарди қазоқ гумонбар дониста мешаванд, боздошт кард. Бакит Сейитов-сухангӯи вазорати корҳои дохилаи Қирғизистон гуфт, яке аз афроди гумонбаршуда сокини 19 солаи Бишкек аст. Ду нафари дигар сокинони деҳаи Қараови наздикии Иссиқкӯл мебошанд. Аз ин гумонбаршудагон соат ва сумкаи ҷабрдида гирифта шудааст. Ҷабрдида Эрлан Балмахаеви 32 сола 7 август дар осоишгоҳи Иссиқкӯл шадидан лату кӯб шуд ва баъд аз як ҳафта 14 август аз ҷароҳатҳои бардоштааш дар бемористони Бишкек ҷон дод. Роза Отунбоева-раиси ҷумҳури Қирғизистон ба Зарилбек Рисалиев-вазири дохилаи ин кишвар дастур дод, ки расидагӣ ба парвандаи ин кушторро зери контроли худ бигирад.
XS
SM
MD
LG