Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Теъдоди қурбониёни таркиш дар Ҳирот афзоиш ёфт


Теъдоди қурбониёни таркиши бомби рӯи раҳ дар вилояти Ҳирот, воқеъ дар ғарби Афғонистон, ба 24 нафар расид. Дар ин ҳодиса 11 тани дигар маҷрӯҳ шудаанд. Ҳамаи онҳо савори автобуси хурде буданд, ки сӯи шаҳри Ҳирот ҳаракат мекард.

Масъулияти ҳамлаи террористиро толибон бар дӯш гирифтанд.

Дар вилояти Пактиё, воқеъ дар шарқи Афғонистон, бошад, имрӯз як маргталаб мошини ҳомили маводи таркандаро дар канори пойгоҳи низомии амрикоӣ инфиҷор кард.

Сухангӯи волии Пактиё гуфт, ки дар асари ин инфиҷор ду тан куштаву 9 тани дигар захмӣ шудаанд, ки ҳамагӣ афғонанд.

Низомиёни НАТО ҳам хабар доданд, ки дар ин таркиш ду сарбози онҳо кушта шудаанд.

Ва аммо “Толибон” гуфтанд, ки ҳамла аз сӯи як пирамарди 70-сола сурат гирифта, дар он 27 сарбози амрикоӣ кушта ва 34 тани дигар аз онҳо захмӣ шудаанд. Ин иттилоъ дар сӯи Кобул ва НАТО рад карда шуд.
XS
SM
MD
LG