Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳ. Орифов: "Ҳамкорӣ бо Бонки Ҷаҳонӣ қатъ шавад"


Ҳомидҷон Орифов

Ҳомидҷон Орифов

Олими тоҷик пешниҳод кардааст, ки раисиҷумҳури Тоҷикистон ҳамкории кишвар бо Бонки Ҷаҳониро қатъ кунад.

Дабири Кумитаи миллии тоҷикистонии Кумиссюни байнулмилалии сарбандҳои бузург Ҳомидҷон Орифов гуфт, Бонки Ҷаҳонӣ мехоҳад эҳдоси Роғунро ба дарозо кашад.

Ҷаноби Орифов ба хабаргузории "Азия-Плюс" гуфтааст, Бонки Ҷаҳонӣ акнун ба тавсияҳои
Маҳз Бонки Ҷаҳонӣ буд, ки моро мӯътақид кард, ҳамин гуна кунем, чунки Тоҷикистон барои ин қисмат аз тарҳ сармоя пайдо хоҳад кард ва акнун мегӯяд, ин иқдом аз нигоҳи лой гирифтани обанбор бехатар нест...

пешинаи худ дар мавриди бунёди нерӯгоҳи барқи обии Роғун мухолиф баромадааст. Ба гуфтаи олими тоҷик, ниҳоди байнулмилалӣ бар ин буд, ки агар бунёди сарбанди 120-метрӣ марҳилаи аввал шумурда шавад, Тоҷикистон ба сармоягузории он қодир хоҳад буд ва сипас даъвати кишварҳо ва созмонҳо ба консорсиуми бунёди Роғун осонтар хоҳад шуд.

Вай афзуд: “Маҳз Бонки Ҷаҳонӣ буд, ки моро мӯътақид кард, ҳамин гуна кунем, чунки Тоҷикистон барои ин қисмат аз тарҳ сармоя пайдо хоҳад кард ва акнун мегӯяд, ин иқдом аз нигоҳи лой гирифтани обанбор бехатар нест.”

Ҷаноби Орифов мегӯяд, лой гирифтани бистари обанбор танҳо дар асари обхезии бениҳоят калон мумкин аст, ки дар даҳ ҳазор сол як бор эҳтимол дорад. Ба назари олими тоҷик, Бонки Ҷаҳонӣ акнун ҳар баҳонае меҷӯяд, то сохтмонро ба ақиб андозад ва биноан метавон тавсияи онро нодида гирифт. Вай ёдовар мешавад, ки Қирғизистон тавсияҳои Бонки Ҷаҳониро дар эҳдоси нерӯгоҳи Қамбарота напазируфт ва аз ҳамкорӣ бо он даст кашид.

Ба ин минвол, мегӯяд ҷаноби Орифов, Тоҷикистон бояд тасмими сиёсӣ гирад ва ҳамкорӣ бо Бонки Ҷаҳониро дар тарҳи Роғун қатъ кунад. “Ин тасмимро бояд раисиҷмуҳури Тоҷикистон бигирад ва ман аз чунин тасмим ҳимоят мекунам,”– гуфтааст Дабири Кумитаи миллии тоҷикистонии Кумиссюни байнулмилалии сарбандҳои бузург Ҳомидҷон Орифов.

Коршиносони дигари тоҷик низ тавсияи Бонки Ҷаҳонӣ дар мавриди Роғунро "фишори сиёсӣ" ба Тоҷикистон мехонанд.

Ин дар ҳолест, ки давлати Тоҷикистон дар сохтмони нерӯгоҳи азими Роғун ба ҳимояти Бонки Ҷаҳонӣ умед баста буд. Ҳукумати Тоҷикистон тасмим дошт, ки моҳи ноябри соли ҷорӣ бастани маҷрои рӯдхонаи Вахшро оғоз кунад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG