Пайвандҳои дастрасӣ

Ифшои мавридҳои таққаллубкорӣ дар марказҳои фурӯши маводи сӯхт аз сӯи Оҷонсии "Тоҷикстандарт".

Оҷонсии давлати "Тоҷикистандарт" аз мавориди тақаллубкорӣ дар марказҳои бензинфурӯшии ширкатҳои "Газпромнафт-Тоҷикистон"-и Русия, "Умед-88" ва "Кӯлобнафтрасон" ва ҳамчунин тоҷирони инфиродӣ изҳори нигаронӣ кардааст.
"Тоҷикстандарт" аз соҳибони нуқтаҳои бензинфурушӣ тақозо кардааст, то дастгоҳҳои муосири бензинфурӯширо харида васл кунанд...


Ба гуфтаи ҳамин манбаъ, ширкатҳои мазкур бензинро ба ҳадди маблағи пардохткардашуда ба муштариён намедиҳанд ва ё ба ҷои бензинҳои навъи А-92 ва А-95 бештар бензини сифаташ пасти А-80-ро мерезанд.

Нарзулло Шарифов, як масъули "Тоҷикстандарт" ба Озодӣ гуфт, "дар даҳ нуқтаи фурӯши бензин мо муайян кардем, ки аз даҳ литр бензин то 250 миллилитр ва аз ин ҳам бештар бензини кам дода мешавад."

Ба гуфтаи таҳлилгарон ин ҳолат дар нуқтаҳои сайёри бензинфурӯшӣ аз захираҳои давлатӣ низ ба назар мерасад. Давлат ин захираҳоро дар соли гузашта бо нарзи арзон ворид карда буд. Ҳоло ба ҷои он ки бо фурӯши ин захираҳо нархро пойин биорад, ин захираҳоро баробари бензини ширкатҳои воридкунанда ба нархи 6 сомониву 30 дирам ба фурӯш гузоштааст ва гӯиё фурӯшандаҳои ин захираҳо соҳибкорони инфиродианд, на балки давлат.

Назари мақомот ва ронандагонро аз ин ҷо бишнавед:



Дар ҳоли ҳозир "Тоҷикстандарт" аз соҳибони нуқтаҳои бензинфурушӣ тақозо кардааст, то дастгоҳҳои муосири бензинфурӯширо харида васл кунанд. Азбаски вуруди бензин аз Русия гарон шудааст, баъзе ширкатҳои Тоҷикистон бо роҳи қочоқӣ аз Қирғизистон маводи сӯхт ворид мекунанд.

Қурбонназар Абдуназаров
Мақомоти давлати Қирғизистон аз густариши қочоқи маводи сӯхт ба Тоҷикистон изҳори нигаронӣ карда ва ниҳодҳои давлатии худ дастур додаанд, ки аз мавориди қочоқ ҷилавгирӣ кунанд. Хадамоти гумруки Тоҷикистон низ ҳодисаи қочоқи маводи сӯхт аз Қирғизистон ба ин кишварро рад намекунад, вале масъулони ин ниҳод аз доданӣ иттилоъ дар ин замина худдорӣ менамоянд.

Қурбонназар Абдуназаров, сардори раёсати ҷилавгирӣ аз мавориди қочоқ дар ин маврид гуфт, "қочоқро гирифтем ё нагирифтем, ман метавонам бигӯям, вале дар ин корхона муқаррарот аст, ки ман бе иҷозати раҳбари хадамот иттилоъ дода наметавонам."

Ба эътиқоди коршиносон сарпечӣ аз додани иттилоъ тавассути масъулони Хадамоти гумрук суолҳои зиёдеро дар бораи манфиатҳои хусусии онҳо дар миён мегузорад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG