Пайвандҳои дастрасӣ

Попи Рум Бенедикти 16 бо як сафари чаҳоррӯза вориди Мадрид, пойтахти Испания, шуд. Қарор аст, ки ӯ дар ин шаҳр дар таҷлили Рӯзи ҷаҳонии ҷавонон ширкат кунад. Ба иттилоъи расмӣ, дар ин чорабинӣ тақрибан як миллион зойирин ширкат хоҳанд кард.

Рӯзи якшанбе Попи Рум дар яке аз пойгоҳҳои ҳавоӣ дар ҷанубу ғарби Мадрид маросими мазҳабӣ доир менамояд.

Сафари Попи Рум ба Испания боиси эътирози бархе аз мардуми кишвар шуд. Эътирозгарон мегӯянд, дар вазъи бӯҳронии феълӣ сарфи 50 миллион евро барои сафари Бенедикти 16 ғайри қобили таҳаммул аст. Дирӯз дар бархӯрдҳо миёни полис ва эътирозгарон 11 нафар, аз ҷумла, ду корманди мақомоти ҳифзи тартибот, маҷрӯҳ шуданд.
XS
SM
MD
LG