Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Бозиҳои даври 26-уми сабқати Лигаи олии футболи Тоҷикистон, ки шоми 17-уми август поён ёфтанд, бо пирӯзии пешсафони ҷадвали мусобиқот ба анҷом расиданд.

Дастаи «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода, ки дар варзишгоҳи “Автомобилист”-и шаҳри Душанбе бар тими мизбон - “Гвардия” бо ҳисоби рекордии 10:1 пирӯз шуд, бо 54 имтиёз мавқеашро дар садри
Мо, мураббиёну футболбозон, аз бемасъулиятӣ ва бесалоҳиятии баъзе аз доварон шикоят дорем...

ҷадвали мусобиқот нигоҳ дошт.

Дар ин бозӣ Фирӯз Қурбонов, Нӯъмон Ҳакимов ва Хуршед Маҳмудов 2-голӣ, Ҳоҷат Фаннӣ, Сӯҳроб Эгамбердиев, Аскар Равшанов ва Сардорбек Эминов якголӣ заданд. Як голи мизбононро Абдурасул Раҳмонов дар дақиқаи 28-ум аз ҷаримаи 11-метра ба ҳадаф расонд.

Дастаи «Равшан»-и Кӯлоб, ки дар майдони худ тими «Хайр»-и Ваҳдатро бо ҳисоби 2:1 шикаст дод, бо 53 имтиёз дар ҷойи дуввум аст. Наврӯз Рустамов, бозигари мизбонон, дар нимаи аввали дидор ҳисобро боз кард.

Дар дақиқаҳои аввали нимаи дуввум Бахтиёр Ҳасанов, ки аз тими “Регар-ТадАЗ” ба “Равшан” гузаштааст, ҳисобро афзун намуд. Як голи “Хайр”-ро Пирмурод Бурҳонов (ӯ низ собиқ бозигари “Регар-ТадАЗ”) дар авохири бозӣ ба самар расонд.

Дастаи «Истиқлол»-и Душанбе, ки дар варзишгоҳи “Фурудгоҳ”-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бар тими мизбон - «Парвоз» бо ҳисоби 3:0 ғолиб омад, бо 49 имтиёз дар ҷойи севум мебошад. Вале “Истиқлол” чаҳор бозӣ камтар анҷом додааст.

Дилшод Восиев дар дақиқаи 39-ум ҳисобро кушод. Ду голи дигарро Даврон Эргашев ва Юсуф Рабиев, капитани “Истиқлол”, дар нимаи дуввуми бозӣ заданд.





Дастаи «Вахш»-и Қӯрғонтеппа дар майдони худ – варзишгоҳи “Пахтакор” аз бошгоҳи ССКА «Помир»-и Душанбе бо ҳисоби 2:3 мағлуб гашт. Илҳом Ортиқов, бозигари меҳмонон, дар дақиқаи 23-юм ҳисобро кушод. Баъди ду дақиқа Ҷамолиддин Зардиев ҳисобро баробар кард. Дар дақиқаи охирини қисми аввал сардовари бозӣ Олим Норбоев (Душанбе) капитани “Вахш” Рустам Усмоновро барои эътироз ба ҳукми сардовар ва дашном додани ӯ аз майдон хориҷ кард.

Дар дақиқаи 63-юм тӯб ба пои Сергей Абрамов, ҳимоятгари “Вахш”, бархӯрд ва вориди дарвозаи мизбонон шуд. Пас аз ду дақиқа Меҳроб Заҳурбеков, бозигари “Вахш”, бо зарбаи сахт аз масофаи дур ҳисобро баробар намуд. Баъди панҷ дақиқа Комил Саидов, ҳамлагари низомиён, голи ҳалкунандаро вориди дарвозаи меҳмонон кард.

Салоҳиддин Ғафуров
Салоҳиддин Ғафуров, сармураббии дастаи “Вахш”, дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ аз дараҷаи пасти доварӣ дар баъзе бозиҳои мусобиқоти имсола изҳори нигаронӣ кард.

Вай гуфт: “Мусобиқоти имсола шавқовару пуршиддат ҷараён дорад. Вале мо, мураббиёну футболбозон, аз бемасъулиятӣ ва бесалоҳиятии баъзе аз доварон шикоят дорем. Маҳз бо хатоҳои ҷиддӣ ва авфнопазири онҳо дастаҳо ноком мешаванд. Масалан, дар бозии мо бо ССКА “Помир” сардовар Олим Норбоеви душанбегӣ ба хатоҳои ҷиддӣ роҳ дод ва боиси мағлубияти дастаи мо шуд. Бозигари меҳмонон Илҳом Ортиқов ба ёвари сардовар барои бардоштани байроқча дарафтод ва ӯро буғӣ карданӣ шуд, вале барои ин рафтори ношоямаш беҷазо монд. Сардовар Норбоев ба арзи ёвари худ эътибор надод ва ҳатто корти зард ҳам набардошт. Чунин тарафгирии доварон аз як ҷониб боиси дилсардии мураббиёну футболбозон ва мухлисони ҷониби дигар мешавад. Бояд кумитаи доварони Федератсияи футболи Тоҷикистон ба ин масъала диққати ҷиддӣ бидиҳад. Вагарна бо чунин сатҳи доварӣ мо сатҳи футболи тоҷикро боло бардошта наметавонем”.

Бозии охирини даври 26-уми мусобиқот, ки бегоҳи 18-уми август, миёни дастаҳои "Хуҷанд"-и Хуҷанд ва "Шодмон"-и Ҳисор дар варзишгоҳи “20-солагии Истиқлолият”-и шаҳри Хуҷанд баргузор шуд, бо ғалабаи мизбонон бо ҳисоби 4:1 ба поён расид.

Дар сабқати нишонзанҳои беҳтарин Фозил Сатторов ("Равшан") ва Юсуф Рабиев («Истиқлол») бо 13-голӣ пешсафанд. Мирзобек Мирзоев (“Хайр”) 12-гол задааст.

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа:

Ҷой

Дастаҳо

Б

Ғ

М

Б

Т/Т

И

1.

Регар-ТадАЗ”

23

17

3

3

60-18

54

2.

"Равшан"

23

17

2

4

43-19

53

3.

Истиқлол”

19

16

1

2

47-11

49

4.

"Хайр"

24

13

3

8

40-25

42

5.

ССКА “Помир”

23

11

1

11

43-42

34

6.

Энергетик

22

10

2

10

36-37

32

7.

"Хуҷанд"

22

8

4

10

31-37

28

8.

ахш"

22

7

1

14

23-30

22

9.

“Парвоз

23

6

3

14

23-47

21

10.

Шодмон”

23

4

2

17

24-58

14

11.

вардия"

22

2

2

18

17-63

8


Даври 27-ум


21-уми август (якшанбе)

«Гвардия» - «Энергетик»
«Хуҷанд» - «Истиқлол»
«Равшан» - ССКА «Помир»
«Вахш» - «Хайр»
«Парвоз» - «Шодмон»

Оғози бозиҳо – соати 17

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG