Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷопониҳо долларҳои пайдокардаро ба полис месупоранд


Сокинони Ҷопон тақрибан 50 миллион доллари дар манотиқи аз заминларза ва тсунамӣ осебдида ошкоршударо ба полис супурданд.

Кормандони полис ҳам то имрӯз аз харобаҳо тақрибан шаш ҳазор говсандуқро пайдо карданд.

Ба гуфтаи мақомоти маҳаллӣ, сокинони маҳаллӣ ва ихтиёриёне, ки дар рафъи паёмадҳои заминдарза ширкат мекунанд, то ҳанӯз ҳамёнҳои пайдокардаро ба полис месупоранд. Полис, дар навбати худ, ин ҳамёнҳоро ба соҳибонашон бармегардонад.

Бар асари заминларза ва тсунами мудҳиши рӯзи 11 март дар Ҷопон 16 ҳазор нафар ба ҳалокат расида, садҳо ҳазор нафар бехонумон шуданд.
XS
SM
MD
LG