Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳабси ҳомиёни ҳуқуқи башар дар Алмаато


Боздошти Арман Оҷаубоев
Боздошти Арман Оҷаубоев
Ду фаъоли ҳуқуқи башари Қазоқистон барои ташкили намоиши эътирозии бидуни иҷоза барои панҷрӯзӣ маҳкум ба зиндон шуданд.

Ба иттилоъи бахши қазоқии Радиои Озодӣ, Арман Оҷаубоев ва Дмитрий Тихонов дар канори бинои ҳизби Нур-Отан дар Алмаато бо шиорҳои “Коргарони нафти Қазоқистон ғулом нестанд” ва “Наталя Соколова озод карда шавад!” пикет ташкил карданд. Вакили дифоъ Наталя Соколова, ки аз манфиатҳои коргарони корхонаҳои нафти Қазоқистони ғарбӣ дифоъ мекард, ҳафтаи гузашта бо иттиҳоми “барангехтани нафрати иҷтимоӣ” ба шаш соли маҳбас маҳкум шуда буд.

Мурофиаи додгоҳии ширкаткунандаи сеюми пикет Жанна Байтелова, ки Алмааторо тарк кардааст, мавқуф гузошта шуд. Ин се нафар – аъзои ҷунбиши сотсиалистии Қазоқистонанд.
XS
SM
MD
LG