Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҳавопаймоҳои Туркия шимоли Ироқро бомбборон карданд


Ҳавопаймоҳои низомии Туркия ба пойгоҳҳои ҷудоихоҳони курд дар шимоли Ироқ зарба заданд. Намояндаи артиши Туркия гуфт, ки шоми дирӯз дар маҷмӯъ 168 муассисаи Ҳизби коргарии Курдистон дар манотиқи кӯҳии Кандил, Зол ва Ҳакурк ҳадаф қарор гирифтанд.

Ҳамлаи ҳавоӣ – вокуниш ба амалиёти чанд рӯзи пеши ҷангиёни курд алайҳи низомиёни турк дар вилояти Ҳаккарӣ, воқеъ дар марз бо Ироқ, аст.

Бар пояи иттилоъи ахир, бар асари инфиҷори мошини низомӣ ва тирборони он ёздаҳ низомии турк ва як сокини маҳаллӣ кушта ва чанд тани дигар захмӣ шуданд.

Масъулияти ҳамларо Ҳизби коргарии Курдистон бар дӯш гирифта буд.
XS
SM
MD
LG