Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Инфиҷор дар Пактиёву Ҳирот. Боз ашку бӯи хун


Дар пайи инфиҷорҳои маргбор дар Пактиёву Ҳирот афроди мулкӣ, аз ҷумла занону кӯдакон кушта шудаанд.

Бар асари таркиши бомби рӯи раҳ дар вилояти Ҳирот, воқеъ дар ғарби Афғонистон, ба камияш 20 нафар ба ҳалокат расида, чанд нафари дигар маҷрӯҳ шудаанд.

Қурбониёни ҳодиса савори автобуси хурде буданд, ки сӯи пойтахт шаҳри Ҳирот ҳаракат мекард. Дар инфиҷор чанд зану кӯдак ҳам кушта шудаанд. Масъулияти таркишро Толибон бар дӯш гирифтанд.

Имрӯз ҳамчунин дар вилояти Пактиё, воқеъ дар шарқи Афғонистон, як маргталаб мошини боркаши ҳомили маводи таркандаро дар канори пойгоҳи низомии амрикоӣ инфиҷор кард. Сухангӯи волии Пактиё гуфт, ки дар асари ин инфиҷор ду тан куштаву 9 тани дигар захмӣ шудаанд.

Бар асоси изҳороти сухангӯи волии Пактиё, қурбониёни ин ҳодиса ҳама афғонҳо будаанд. Аз сӯи дигар, нерӯҳои НАТО, мустақар дар маркази вилояти Пактиё мегӯянд, ки дар асари ин инфиҷор ду тан аз нерӯҳои онҳо низ кушта шудаанд.

Аммо дар эъломияе, ки аз сӯи Толибон ба нашр расид, омадааст, дар ин ҳамла, ки аз сӯи як шахси 70-сола сурат гирифт, 27 сарбози амрикоӣ кушта ва 34 тани дигар аз онҳо захмӣ шудаанд. Ин иддаои Толибон аз тарафи масъулони давлатӣ ва нерӯҳои байналмилалӣ рад шудааст.
XS
SM
MD
LG