Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Башор Асад саркӯбсозии мухолифинро қатъ мекунад


Низомиён дар хиёбонҳои шаҳри Дайр-уз-Зор
Низомиён дар хиёбонҳои шаҳри Дайр-уз-Зор
Мақомоти Сурия ҳама гуна амалиёти низомиёну кормандони полис алайҳи мухолифин дар сартосари кишварро қатъ мекунанд. Дар ин бора раисиҷумҳури Сурия Башор Асад дар сӯҳбати телефонӣ бо Дабири кулли СММ Бан Ки Мун хабар дод.

Дар изҳороти СММ гуфта шудааст, ки Бан Ки Мун аз амалиёти низомӣ дар Лозиқия ва дигар шаҳрҳои Сурия изҳори нигаронии амиқ кардааст.

Бар асари саркӯбсозии намоишҳои мухолифин рӯзҳои ахир дар Сурия даҳҳо нафар ба ҳалокат расиданд.

Қарор аст, ки имрӯз раиси идораи СММ дар умури ҳуқуқи башар Навӣ Пиллай дар машварати пушти дарҳои бастаи Шӯрои амният гузориш оид ба авзоъ дар Сурияро ироа кунад. Бархе хабаргузориҳо навиштаанд, ки хонум Пиллай хостори бозрасии далелҳои нақзи ҳуқуқи башар дар Сурия аз сӯи Додгоҳи байнулмилалии ҷиноӣ хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG