Пайвандҳои дастрасӣ

Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо сокинони Хоруғ аҳамияти бунёди нерӯгоҳи барқи обии "Санобод", воқеъ дар Рӯшонро барои сокинони фаромарзӣ таъкид карда ва гуфт, ки айни ҳол корҳои омодасозии тарҳи нерӯгоҳ идома дорад.

Сабур Расулов, ки дар замони ҳукумати Бурҳониддини Раббонӣ намояндаи ширкати "Барқи тоҷик" дар Афғонистон буд, нерӯгоҳи Санободро "Роғуни дуввум" меномад.

Вай мегӯяд, тибқи лоиҳа иқтидори тавлидотии нерӯгоҳи барқи обии оянда 100 мегават аст, аммо бо истифода аз сарбанде, ки бо "дастон"-и табиат дар маҳалли ҷойгиршавии ин нерӯгоҳ сохта шудааст, имкон дорад, аз он баробари Норак ва ё Роғун нерӯи барқ гирифта шавад.

"Норак дар мавсими камобӣ аз 800 то 1000 мегават барқ медиҳад. Нерӯгоҳи Санобод ба ин андоза нерӯи барқ тавлид хоҳад кард",-гуфт ӯ.

Ба гуфтаи ин мутахассис, бартарияти нерӯгоҳи "Санобод" боз дар он аст, ки ба ин нерӯгоҳ хавфи камобӣ таҳдид намекунад ва он тамоми фаслҳои сол метавонад ба таври муназзам ва иқтидори тавлидотиии комил кор кунад.

Ҷаноби Расулов ҳамчунин баҳс бар сари Роғунро сирф масъалаи сиёсӣ дониста ва мегӯяд, ки он бояд сохта шавад. Аммо Тоҷикистон, ба гуфтаи ӯ, ба Роғунҳои оянда эҳтиёҷ дорад ва нерӯгоҳи Санобод дар ин байн тарҳи аз ҳама камхарҷ ва фоидавоар мебошад.

Ин ҳам дар ҳолест, ки бархе аз мутахассисони дигари соҳаи энержӣ дар минтақа гуфтаҳои Сабур Расуловро муболиға мешуморанд ва мегӯянд, ки адами корхонаҳои саноатӣ ва қобилияти поини пардохти ҳаққи истифодаи барқи муштариёни ширкати "Помриэнержӣ" - сармоягузоронро аллакай ба андешаи танг будани бозори истеъмолии барқ дар минтақа водор кардааст.

Аммо ҷаноби Расулов мегӯяд, нерӯгоҳи "Санобод" масофаи наздиктарин расонидани барқ ба муштариёни ояндаи он дар Афғонистону Покистон ва Чин мебошад. Эмомалӣ Раҳмон дар робита бо сохтмони нерӯгоҳи барқии "Санобод" изҳор дошт, ки ҳайати намояндагони Афғонистон дар вохурӣ бо вай набуди барқро аз мушкилоти умдаи вилоятҳои марзӣ унвон кардаанд ва бо сохта шудани нерӯгоҳи "Санобод" 50 дарсади нерӯи барқ ба ин кишвари ҳамҷавор интиқол мешавад. Вай гуфт, "онҳо диданд, ки чи хел дар ин тараф ободӣ аст, барқ талаб карданд."

Ба андешаи Сабур Расулов, сохтмони "Санобод" ба рушди фарогири Бадахшон роҳ мекушояд ва тавони худкифо будани ин минтақаи кӯҳдоманро афзун мекунад. Дар маҷмӯъ, наздик ба 42 конҳои маодин ва сангҳои гаронбаҳо дар Бадахшон омӯхта шуда, барои истихроҷ ба нерӯи барқ эҳтиёҷ доранд ва мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани ин хазоини ҷавоҳир масрафи тавлиди нерӯи барқро ҳам ба осонӣ ҷуброн мекунад.

Коршиносон бо таъкиди вижагии ин лоиҳа мегӯянд, сохтмони Роғуни дуввум, ки бо истифода аз сарбанди табиӣ сохта мешавад, баҳс бар сари масоили обро ба бор намеорад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG