Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Кӯмак ба хонаводаи хабарнигори зиндонии тоҷик


Муҳаммадюсуф Исмоилов, хабарнигори маҳалии нашрияи "Нури зиндагӣ" дар Ашт, ки нӯҳ моҳ инҷониб дар боздоштгоҳ ба сар мебарад

Муҳаммадюсуф Исмоилов, хабарнигори маҳалии нашрияи "Нури зиндагӣ" дар Ашт, ки нӯҳ моҳ инҷониб дар боздоштгоҳ ба сар мебарад

Беш аз 6 ҳазор сомонӣ кӯмаки хабарнигорон ва созмонҳои журналистӣ ба хонаводаи хабарнигори зиндонии тоҷик, Муҳаммадюсуф Исмоилов, супурда шуд.

Нуриддин Қаршибоев, раиси Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон мегӯяд, аз ин ҳисоб бештар аз 4 ҳазор сомониро нашрияҳо, созмонҳои хабарнигорӣ, Дафтари ҳуқуқи башар ва намояндагии Интернюс нетворк дар Тоҷикистон ҷамъоварӣ кардаанд.

Ҷаноби Қаршибоев гуфт, ҳамчунин бархе аз шаҳрвандони Тоҷикистон аз хориҷи кишвар низ ба хонаводаи Муҳаммадюсуф Исмоилов дасти кӯмаки худро дароз намудаанд.

Нуриддин Қаршибоевро дар ин сафараш ба ноҳияи Ашт, ки наздикони Муҳаммадюсуф Исмоилов дар он ҷо зиндагӣ мекунанд, хабарнигори “Озодӣ” дар Хуҷанд, Маъсуми Муҳаммадраҷаб ва муовини раҳбари ҲСДТ дар Суғд, Муҳаммадраҳим Абдуманнофов, ҳамроҳӣ карданд.

Нуриддин Қаршибоев бо духтари амаки Муҳаммадюсуф Исмоилов сӯҳбат мекунад. Ноҳияи Ашт, 17-уми августи соли 2011
Хабарнигори “Озодӣ” мегӯяд, ҳамаи ин кӯмакҳо ба Хосият Абдуқодирова, духтари амаки Муҳаммадюсуф Исмоилов, дода шудааст, ки ҳоло ӯ саробонии хонаводаи ин хабарнигори зиндонии тоҷикро ба ӯҳда дорад.

Муҳаммадюсуф Исмоилов, хабарнигори маҳаллии нашрияи “Нури зиндагӣ” дар нӯҳ моҳи пеш аз сӯи маъмурони пулиси ноҳияи Ашт боздошт шуда, то кунун дар боздоштгоҳ нигаҳдорӣ мешавад. Мақомот ӯро бар асоси чаҳор банди Кодекси ҷиноӣ, аз ҷумла маҳалгароӣ ва тӯҳмат ба мақомот айбдор медонанд.

Вале созмонҳои дифоъ аз ҳуқуқи хабарнигорон мегӯянд, Муҳаммадюсуф Исмоилов барои нашри силсиламақолаҳояш дар бораи вазъи зиндагии сокинони ноҳияи Ашт боздошт шудааст.

Кӯчактарин фарзанди Муҳаммадюсуф Исмоилов нӯҳ моҳ боз падари худро надидааст
Мурофиаи додгоҳии Муҳаммадюсуф Исмоилов чанд бор бо ҳузури шоҳидон дар додгоҳи ноҳияи Ашту Тобошаҳри вилояти Суғд баргузор шуд, вале то кунун додгоҳ қарори худро содир накардааст. Ахиран вакили дифои Муҳаммадюсуф Исмоилов гуфт, ки эҳтимол нафари таҳти ҳимояташ дар афве, ки ба муносибати 20-умин солгарди истиқлоли Тоҷикистон эълон мешавад, раҳо ёбад.

Ин хабарнигори зиндонии тоҷик соҳиби панҷ фарзанд аст, ки кӯчактарини онҳо дар замонибоздошташ ҳамагӣ чаҳор моҳ дошт. Маҳтобӣ Абдуллоева, ҳамсари Муҳаммадюсуф Исмоилов мегӯяд, фарзанди кӯчаки онҳо – Умед нӯҳ моҳ боз падари худро надидааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG