Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Air Baltic парвозҳояшро аз Рига ба Душанбе боздошт


Ширкати ҳавоии Air Baltic-и Латвия тасмим гирифтааст, ки парвозҳои худро аз Рига ба Душанбе боздорад. Дар ин бора Янис Вагнас-муовини раиси ширкати Air Baltic ба хабаргузории REGNUM иттилоъ додааст. Охирин парвоз дар ин самт 14 август анҷом гирифтааст. Ширкат гуфтааст, ки дар тирамоҳу зимистон шумораи мусофирон дар ин хатти сайр коҳиш меёбад ва ширкат наметавонад ба онҳо билетҳои арзон пешкаш кунад. Ҳоло масъалаи дубора аз сар гирифтани ин парвозҳо дар баҳори соли оянда баррасӣ мешавад. Ширкати Air Baltic баҳори соли 2009 парвозҳояшро ба Душанбе шурӯъ кард, вале тирамоҳи ҳамон сол парвозҳояшро боздошт. Air Baltic бо билетҳои арзони худ ном бароварда буд, зеро аз Рига парвоз ба ҳар кишвари аврупоӣ барои мусофирон арзон тамом мешуд.
XS
SM
MD
LG