Пайвандҳои дастрасӣ

Русия дар тиҷорат бо Тоҷикистон дар зинаи аввал аст


Ожонси омори вобаста ба расёати ҷумҳурии Тоҷикистон хабар додааст, ки баъд аз натиҷагирии тиҷорати хориҷии Тоҷикистон дар ним соли аввали 2011 дар доду гирифти коло Русия мақоми аввалро ишғол кардааст. Дар нимсолаи аввал Тоҷикистон бо 91 кишвар тиҷорат доштааст. 10-тои он кишварҳои Шӯравии собиқ мебошанд. Русия дар миёни ин кишварҳо мақоми аввалро дорад ва доду ситади молу коло бештар аз 580 миллион долларро ташкил додааст. Дар миёни кишварҳои хориҷӣ Чин дар зинаи аввал аст ва доду гирифт 414,6 миллион доллар будааст. Доду гирифт бо Эрон дар нимсолаи аввали 2011 119,3 миллион доллар аст.
XS
SM
MD
LG