Пайвандҳои дастрасӣ

Раҳбари тазоҳуротии коргарони нафт маҳкум ба зиндон шуд


Айжангул Амирова

Айжангул Амирова

Дирӯз Оқжанат Аминов-раҳбари тазоҳуроти коргарони нафт дар ғарби Қазоқистон як сол маҳкум ба зиндон шудааст. Дар ин бора хонум Айжангул Амирова аз ҳизби мухолифи ҷунбиши Ҷабҳаи мардумии Қазоқистон хабар додааст. Аминовро додгоҳи Оқтау барои созмон додани тазоҳуроти эътирозии ғайриқонунӣ муттаҳам донистааст. Вай 30 июни соли ҷорӣ боздошт шуда буд. Моҳи май чанд муддат дар Мангистау тазоҳуроти эътирозии коргарони бахши нафтро ташкил кард. Коргарон афзоиши дастмузди худро тақозо мекарданд ва мегуфтанд, ки дастмузди онҳо бо дастмузди коргарони хориҷӣ баробар карда шавад.
XS
SM
MD
LG