Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Тоҷикистон ҳаво ҳамчунон гарм аст


Тибқи маълумоти идораи ҳавошиносӣ имрӯз дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво тақрибан мисли рӯзҳои пеш боқӣ хоҳад монд.

Дар водии Вахш гармтарин ҳаво дар Тоҷикистон пешбинӣ мешавад. Ҳарорат 40 дараҷаро ташкил медиҳад.

Дар шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷанд гармии ҳаво яксон аст ва 32-36 дараҷа пешбинӣ шудааст.

Дар Кӯлоб ҳаво 33-37 дараҷа гарм хоҳад шуд.

Дар шарқи Бадахшон ҳарорати ҳаво ба 14-19 ва дар ғарб ба 20-25 хоҳад расид.
XS
SM
MD
LG