Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Афсари марзбонии тоҷикро қочоқбчиёни афғон куштанд


Бино ба хабарҳои матбуотӣ, қочоқбарони маводи мухаддири Афғонистон 16 август дар Анҷироб-деҳае дар минтақаи марзӣ бо Афғонистон дар ноҳияи Шӯрообод афсари нируҳои марзбонии Тоҷикистон Рамзӣ Гулобови 25 соларо ба қатл расондаанд. Бино ба хабари нируҳои марзбонӣ, Гулобов замоне кушта шудааст, ки аз рухсатӣ аз зодгоҳаш ноҳияи Ванҷ ба хидмат бармегашт. Дар роҳи мошингарди Кӯлоб-Дарвоз ду шаҳрванди мусаллаҳи Афғонистон ба онҳо ҳамла бурдаанд Гулов тавонистааст, силоҳи яке аз онҳоро бигирад ва якеашонро захмӣ кунад. Вале худаш лар ин тирандозӣ кушта шудааст. Қочоқбарони афғон баъд аз ҳамла ба қаламрави Афғонистон баргаштаанд.
XS
SM
MD
LG