Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таҳдиди куштор ба ду вакили мудофеи "Азия-Плюс"


Бино ба навиштаи хабаргузории “Азия-Плюс”, 17 август дар толори додгоҳи ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе Алихон Муллоев-афсари раёсати мубориза бо ҷиноятҳои созмонёфтаи вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон вакилони мудофеи нашрияи “Азия-Плюс”-ро ба марг таҳдид кардааст. Вакилони мудофеи ин нашрия Шӯҳрат Қудратов ва Абдураҳмон Шарипов дар толор интизори оғози мурофиаи додгоҳӣ будаанд. Алихон Муллоев ба онҳо наздик шудааст ва таҳдидомез гуфтааст: “Шумо душманони ниҳодҳои полис ҳастед, ман шахсан ба пешонии шумо тир холӣ мекардам. Ман бо ҳар роҳу васила шуморо аз байн мебарам”. Вакилони мудофеъ мегӯянд, Алихон Муллоев ин таҳдидро чанд бор такрор кардааст ва шоҳидон ҳам ин ҳарфҳоро шунидаанд. Ҳоло дар Душанбе мурофиаи додгоҳии нашрияи “Азия-Плюс” бо Анвар Тағоймуродов-муовини вазири корҳои дохилаи Тоҷикистон идома дорад. Дар ин мурофиа имрӯз 18 август дар додгоҳи ноҳияи Фирдавсӣ намояндагони матбуот ва созмонҳои мухталифи байналмиллалии ҳуқуқи башар ширкат хоҳанд кард. Вакилони мудофеи “Азия-Плюс” ба Додситонии Кулл муроҷеа ва дархост кардаанд, ки таҳдиди Муллоевро ҷиддӣ бигирад, зеро вай ба аслиҳа дастрасӣ дорад ва имкони аз байн бурдани ин ду вакили мудофеъ метавонад воқеӣ бошад.
XS
SM
MD
LG