Пайвандҳои дастрасӣ

Барои аксар ҷавонони тоҷик "сайругашт" дар торнамоҳои тафреҳиву иттилоотӣ ба як шуғли доимӣ табдил ёфтааст.

Шодибой Атоев, як ҷавони тоҷик, мегӯяд, бо вуҷуди ин ки барои истифода аз интернет дар як рӯз аз 3 то 5 сомонӣ харҷ мекунад, вале наметавонад аз он даст бикашад.

Ӯ гуфт, аз замоне ки аспиранти Донишгоҳи миллии Тоҷикистон
Дар ҳоли ҳозир теъдоди истифодабарандагони интернет дар Тоҷикистон аз 2 то 2,3 миллион нафарро ташкил медиҳад, ки 80 дарсади онҳо ҷавононан...

шудааст, аз интернет бештар истифода мекунад: "Барои кори илмие, ки омода мекунам, 60 дарсади маводро аз интернет пайдо намудам. Бахусус аз торнамои Гугл."

Аз сӯи дигар, ҳоло миёни ҷавонон доштани сафҳаи худ дар Фейсбук, Мой Мир ё худ Твитер ба мӯд табдил ёфтааст. Доштани чунин саҳифаву нишониҳои интернетӣ ҷавононро дар назди дигар ҳамсолон пешрафтатар нишон медиҳад.

Шодмони Ятим, як хабарнигори ҷавон мегӯяд, ҳоло тақрибан тамоми ҷавононе, ки ба шабакаи ҷаҳонии интернет дастрасӣ доранд, аз мукотибаву дигар хизматрасониҳои "Мой Мир"-и русӣ ба андозаи фаҳмиши худ истифода мекунанд. Аммо ӯ мегӯяд, истифода аз Фейсбуку Твитер танҳо дар миёни ҷавонони эҷодкор маъмул аст: “Фейсбуку Твитер торнамоҳое нестанд, ки ҳар шахси тасодуфӣ дар онҳо ворид бишавад. Яъне дар ду сомонае, ки номбар кардам, аксар ҷавононе ҳастанд, ки эҷодкоранд ё барои ҷамъияти нав, модерн, ворид шудан мехоҳанд. Онҳо намехоҳанд, ки аз ин ҷамъият канда шаванд."





Бархе аз ҷавонони пешрафта бо таъсиси форумҳои ҷолиб дар Фейсбук мардумро ба баҳси мавзӯъҳои рӯз даъват мекунанд. Бар асоси иттилоъи ахир теъдоди корбарони Фейсбук аз Осиёи Марказӣ ба ним миллион расидааст ва наздик ба 30 ҳазори онҳо аз Тоҷикистон будаанд.

Асомуддин Атоев
Масъулини созмонҳое, ки омори истифодабарандагони интернетро ҳар сол муқоиса мекунанд, ба ин назаранд, ки истифодаи интернет миёни ҷавонони тоҷик бо вуҷуди арзиши баланд доштан, афзоиш ёфтааст.

Асомиддин Атоев, роҳбари Академияи технологияи информатсионӣ-коммуникатсионӣ барои рушд дар Тоҷикистон, афзуд, то кунун дар Тоҷикистон зиёда аз 138 провайдери интернетӣ фаъолият доранд, ки 10 провайдери он аввалиндараҷа аст. Ба қавли Атоев, дар ҳоли ҳозир теъдоди истифодабарандагони интернет аз 2 то 2,3 миллион нафарро ташкил медиҳад, ки 80 дарсади онҳо ҷавонон будаанд.

Ин ҳам дар ҳолест, ки аксари бузургсолонро "ошиқ"-и интернет будани ҷавонони тоҷик нигарон кардааст. Шомад Раҷабов мегӯяд, ӯ шоҳид аст, ки аксари ҷавонон аз торнамоҳои дорои хусусияти шаҳвонӣ дошта истифода мекунанд. Ӯ мегӯяд, волидайн ва омӯзгорони мактабу донишгоҳҳо бояд ба ҷавонон тарзи дурусти истифода аз интернетро омӯзонанд: "Рӯзи дароз дар интернет- кафеҳо нишаста, наворҳои фаҳшро тамошо мекунанд, ки аз он фоидае нест. Бояд як роҳи дурусти илмомӯзиро ба онҳо омӯхт."

Давлаталӣ Раҳимов, як ҷавони дигар низ мегӯяд, вақти он расидааст, ки ҷавонон ба сайтҳои илмӣ рӯ биоваранд, то битавонанд дониши худро боло баранд. Ба қавли Раҳимов, дар ҳоли ҳозир қисми андаки ҷавонони тоҷик ба ин гуна торнамоҳо рӯ овардаанд, ки ин аз ихтисосманд набудани онҳо дарак медиҳад.

Ин гуфтугузор дар ҳолест, ки соли 2010 дар саросари Тоҷикистон соли “Фарҳанги техникӣ“ эълон шуда буд. Қарор буд, то дар ин сол дастрасӣ ба технологияи муосир, аз ҷумла, интернет бештар гардад.

Рустами Набот

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG