Пайвандҳои дастрасӣ

Ишфои исми муттаҳамон ба қатли Рафиқ Ҳарирӣ


Додгоҳи махсуси пажӯҳиши қатли Рафиқ Ҳарирӣ, нахуствазири собиқи Лубнон, имрӯз исми афроди муттаҳам дар марги ин сиёсатмадорро эълом кард, ки ҳар чаҳор нафар узви созмони Ҳизбуллоҳ будаанд. Мустафо Аминӣ Бадридддин, як узви баландпоя, Имод Муғния, Салим Ҷамил Аёш, Ҳусейн Ҳасан Унайсӣ ва Асад Ҳасан Сабра ба даст доштан дар бомбгузории маргбори соли 2005 дар маркази шаҳри Бейрут муттаҳам мешаванд. Аммо додситонҳо гуфтаанд, бо вуҷуди пажӯҳишҳои тӯлонӣ, ҳеҷ далели собити даст доштани ин афрод дар ҷиноятро наёфтаанд. Созмони Ҳизбуллоҳ, ки аз сӯи Эрон ҳимоят мешавад, тамоми иттиҳомотро рад кардааст ва мақомоти Лубнон ҳам дар боздошти афроди муттаҳам оҷиз мондаанд.
XS
SM
MD
LG