Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баҳои "муннақидони аслӣ" ба филми Том Ҳенкс


Том Ҳенкс, ситораи маъруфи Ҳолливуд, дар як бензинфурӯшӣ дар Лос Анҷелес дидори хотирмоне дошт. Дар як нуктаи бензинфӯрушӣ як ҷуфт ба қаҳрамони филми Муаммои Де Винчӣ ва барандаи ҷоизаи мӯътабари Оскар наздик шуда ва гуфтаанд, аз дидани филми ахири ӯ “Ларрӣ Кровн” чандон лаззат набурдаанд. Яке аз онҳо ба Том Ҳенкс гуфтааст, ки “Ларрӣ Кровн” чандон филми хуб набудааст ва дигарӣ гуфтааст, агарчӣ худи ҳунармандро дӯст медорад, аммо аз филми мазкур хушаш наомадааст. Том Ҳенкс барои ин маъзарат хоста ва сипас 25 долларӣ пули билети ҳардуро баргардонда ва ваъда додааст, ки филми ояндааш беҳтар хоҳад буд.
XS
SM
MD
LG