Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Боздиди Ҷо Байден аз Чин оғоз шуд


Ҷо Байден, муовини раиси ҷумҳури Амрико, боздиди чаҳорӯзааш аз Чинро оғоз кард. Қарор аст, ӯ бо раҳбарони воломақом, аз ҷумла ҳамтои чинии худ Хӣ Ҷинпинг, ки ба эҳтимоли ғолиб соли 2014 ҷойгузини Ҳу Ҷинтао, раиси ҷумҳури Чин хоҳад шуд, дидору мулоқот кунад. Афзоиши дефитсити буҷаи Амрико як масъалаи аслии сӯҳбат дар мулоқотҳо хоҳад буд. Иёлоти Муттаҳида аз Чин як триллиону 200 миллиард доллар қарздор аст. Баъди кашмакашҳои сиёсатмадорони амрикоӣ дар мавриди қарзи ҳукумати кишвар, Чин, давлати Иёлоти Муттаҳидаро интиқод кард ва гуфт, масъулона рафтор ва бо назардошти тавоноии молиаш пул харҷ кунад.
XS
SM
MD
LG