Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сонсури достони ишқии "Хусраву Ширин" дар Эрон


Симини Беҳбаҳонӣ
Симини Беҳбаҳонӣ

Дар Эрон пас аз 831 соли таълифи достони “Хусраву Ширин”-и Низомӣ ба сонсури ин достони ишқӣ амр шудааст.

Вазорати фарҳанг ва иршоди исломии Эрон, ки масъули дидбонии масоили идеологии ҷумҳурии исломист ва додан ё надодани иҷозати нашри китобҳоро низ дар даст дорад, баъди 8 аср ҳазфи қисматҳое аз ин достонро лозим донистааст.
Аслан дар адабиёти мо чунин сонсуре ҳеҷ вақт собиқа надошт. Ҳеҷ кадом аз ин китобҳо даст нахӯрдааст. Агар як калом аз шеъри Ҳофизро мехостанд иваз кунанд, дунё мисли зере рӯ мешуд...


Фиребо Наботӣ, мудири бахши фарҳанги интишороти “Пайдоиш”, ки то кунун 7 дафъа “Хусраву Ширин”-ро нашр карда буд, мегӯяд, онҳо нашри ҳаштуми ин достонро барои тасвиб ба вазорат фиристоданд, вале тақризи мақомот ба гунае буд, ки онҳоро сахт такон дод.

Мақомоти Вазорати фарҳанг ва иршод тақозо кардаанд, ки ҳар навъ ишора ба хӯрдани шароб ё даъват ба як гӯшаи хилват ва дасти ҳам гирифтани қаҳрамонони ин достонро бояд аз он ҳазф кард.

Баъд аз инқилоби исломии соли 1979 ҳар навъ ишора ба наздикии ҷисмонии марду зан ҳамчун амали ғайриахлоқӣ дар адабиёт манъ
шудааст. Бар пояи қарори манъи шароб, ҳар навъ ишораи ҳатто рамзӣ ба шаробу хӯрданаш низ манъ аст, вале то кунун табари мақомоти вазорати иршод зоҳиран болои мисраъҳои шоирони классике, чун Ҳофизу Саъдӣ ё ҳамин Низомӣ баланд нашуда буд. Ҳарчанд ашъори аксари классикони адабиёти форсӣ моломоли достонҳои бӯсобӯсу дар канор гирифтани ёр асту базмҳои бо майу бо соқӣ.

Шоираи шӯҳратёри эронӣ -- Симини Беҳбаҳонӣ, ки бо вуҷуди 84-солагиаш аз мунтақидони сарсахти ҳар навъ ҳамла ба асолати адабиёти форсист, тасмими ҳазфи қисматҳое аз “Хусраву Ширин”-и Низомии Ганҷавиро ба талоши “ахта кардани забони форсӣ” ташбеҳ мекунад.

Симини Беҳбаҳонӣ дар сӯҳбат бо Радиои Фардо гуфт: "Забони форсиро намешавад ахта кард. Достони Низомӣ тозагӣ надорад, балки наздики 9 қарн дар Эрон буд. Вақте ҳам ки ин достон таълиф шуд, мардуми Эрон мусулмон буданд. Вале то кунун ҳеҷ эронӣ эроде ба, масалан, шаби висоли Ширину Хусрав нагирифтааст. Шарм доранд, ки чунин ҳарфро бизананд. Мо набояд даст ба адабиётамон бизанем. Мо набояд адабиёти мамлакатро якдастӣ бигирем ва бигӯем, ки ҳар ҷояшро, ки диламон хост, бармедорем. Магар ин орду хамир аст, ки одам даст бизанаду бардорад ҳар ҷояшро, ки дилаш хост. Хеле ва хеле ваҳшатнок аст. Воқеан ман дилам месӯзад ба адабиёти ин мамлакат. Ин амри вазорати иршод воқеан маъюскунанда аст."


лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:49 0:00
Линки мустақим


Радиои Фардо: Хабаргузории “Меҳр” аз қавли як мақоми интишороти “Пайдоиш” навишта, ки бахше аз достон дар бораи ин аст, ки Хусравро дар хоб куштанд ва Ширин зону зада, ҷасади Хусравро дар оғӯш мекашад. Ва инҷост, ки идораи иршод мехоҳад ин қисмат аз байн биравад. Оё чунин чизе собиқа доштааст дар Эрон?

Симини Беҳбаҳонӣ: "Аслан дар адабиёти мо чунин сонсуре ҳеҷ вақт собиқа надошт. Ҳеҷ кадом аз ин китобҳо даст нахӯрдааст. Агар як калом аз шеъри Ҳофизро мехостанд, иваз кунанд, дунё мисли зеру рӯ мешуд. Саъдӣ, Ҳофиз, тамоми шоирони мо наздиктарин лаҳазот ва шадидтарин лаҳазоти ишқу ошиқиро тавзеҳ карданд ва ҳеҷ кас даст назадааст. Барои он ки адабиёти мо ҳамин аст. Худи Саъдӣ воиз буд, вале боз ҳам он қадр чизҳое дорад, ки воқеан одам ҳайрат мекунад. Мардум рӯи чашмашон гузоштанд ва таърихи моро бо қоғазҳои нахӯдӣ ва рӯи пӯсти оҳуву рӯи пӯсти дарахт нигоҳ доштанд то ин рӯз. Ин рӯзгор мо мехоҳем инҳоро ба ҳам бизанем."

Радиои Фардо: Вокуниши аҳли фарҳанг ва нависандагону шоирон ба чунин тағйире дар манзумаи “Хусрав ва Ширин”-и Низомии Ганҷавӣ чӣ хоҳад буд?

Симини Беҳбаҳонӣ:

"Гӯш агар гӯши туву нола агар нолаи ман,
Ончи албатта, ба ҷое нарасад, фарёд аст.


Мо фарёдҳо кардем ва ба ҷое нарасидем. Мутаассифона, бузургони адаби мо алъон хомӯшанд, забонашон бастааст ва намедонем, ки ин вазъият то куҷо хоҳад кашид. Барои як калима устодони мо чунон шӯр мебардоштанд. Вале ҳоло як фаслашро бардоранд, ё куллашро бардоранд ё ҳарҷояшро бардоранд, мо бояд бишинему тамошо кунем."
XS
SM
MD
LG