Пайвандҳои дастрасӣ

Посухҳои Юшченко дар муҳокимаи Юлия Тимошенко


Виктор Юшченко, раиси ҷумҳури собиқи Укроин, имрӯз дар мурофиаи Юлия Тимошенко, нахуствазири собиқ ва яке аз шарикони пешини сиёсиаш ба суолҳои додситонҳо посух дод. Хонум Тимошенкоро ба сӯистифода аз мақом ва имзои созишнома бо Русия, ки қимати газро барои Укроин боло бурд, муттаҳам мекунанд. Дар сурати исботи иттиҳомот, ӯро даҳ соли зиндон интизор аст. Аммо Юлия Тимошенко худро бегуноҳ медонад ва мегӯяд, раисиҷумҳур Виктор Янукович мехоҳад, аз роҳи муҳокима, ӯро аз сиёсат берун кунад. Янукович хонум Тимошенкоро дар интихоботи раёсати ҷумҳури соли 2010 шикаст дод. Юлия Тимошенко, дар интихоботи норанҷии Укроин, шарики аслии Виктор Юшченко ва дар аҳди раёсати ҷумҳури ӯ нахуствазир буд. Вале ду тараф баъди кашмкашҳои сиёсӣ аз ҳам буриданд.
XS
SM
MD
LG