Пайвандҳои дастрасӣ

Русия: "Фурӯши силоҳ ба Сурияро идома медиҳем"


Ширкати “Рособоронэкспорт” мегӯяд, қарордодҳои фурӯши силоҳ ба Сурияро иҷро хоҳад кард, агарчӣ рӯзе пеш Ҳилларӣ Клинтон вазири умури хориҷаи Амрико аз Русия хост, фурӯши силоҳ ба Сурияро муттавақиф кунад. Анатолий Исякин, мудири “Рособоронэкспорт”, гуфт, то замоне, ки “Сурия таҳти таҳриме қарор нагирифтааст” ширкат аз иҷрои қарордодҳо даст намекашад. Сурия умдатан аз Русия, системаҳои дифоъи зиддимушакӣ, ҳавопаймоҳо ва дигар муҳимоти ҷангӣ мехарад. Бо идомаи саркӯби тазоҳуроти зиддидавлатӣ дар Сурия баъзе аз кишварҳо хостори муттавақиф кардани фурӯши силоҳ ба он кишвар шудаанд.
XS
SM
MD
LG