Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

WB умедвор аст, Тоҷикистон тавсияаашро нодида намегирад


Моту Канишӣ, раиси минтақавии Бонки Ҷаҳонӣ дар умури Осиёи Марказӣ мегӯяд, умедвор аст, давлати Тоҷикистон тавсияи бонк дар мавриди тарҳи ҳаётан муҳими нерӯгоҳи Роғунро ба инобат мегирад. Баъди арзёбии пажӯҳишҳои муқаддамотӣ дар нерӯгоҳи барқи обии Роғун рӯзе пеш гурӯҳи коршиносони байналмилалӣ ба ҳукумат тавсия доданд, то дар бастани маҷрои рӯдхонаи Вахш шитоб накунад, коре ки ҳукумат мехоҳад, моҳи нобяр шурӯъ шавад. Моту Канишӣ ба Радиои Озодӣ гуфт: “Бовар дорам, ки Тоҷикистон ҳам худаш ин масъаларо меомӯзад ва бо раисиҷумҳур машварат мекунад. Вале масъала ин аст, ки оё онҳо бо ин натиҷагириҳо розӣ хоҳанд шуд ё хайр. Мо умед дорем, ки чунин шавад ва онҳо дар ин замина баррасиҳои кофӣ хоҳанд дошт ва гузоришро дар бораи натиҷагириҳои коршиносон қабул хоҳанд кард.” Ба гуфтаи коршиносони Бонки Ҷаҳонӣ, бо назардошти регу санге, ки маҷрои рӯдхонаи Вахш меорад, бунёди садди 120 метрӣ барои нерӯгоҳи Роғун тавсия дода намешавад. Мақомоти Тоҷикистон то кунун ба ин тавсия вокуниш нишон надодаанд.
XS
SM
MD
LG