Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Евро заъифтар шуд ва бозорҳо низ такон хӯрданд


Бо идомаи нигарониҳо аз тавоноии иқтисодии кишварҳои Аврупо ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико арзиши евро ва қимати саҳом дар бозорҳои Ҷопон суқут кард. Арзиши як евро, ки рӯзи гузашта 1 доллару 44 сентро ташкил медод, имрӯз ба 1 доллару 43 сент баробар шуд ва шохиси Никкей дар бозори Токио 1 дар сад поин омад. Рӯзи сешанбе низ бозорҳои бурси Амрико шоҳиди суқути арзиши саҳом шуданд. Талотум дар бозорҳо баъд аз суханронии Ангела Меркел, садри аъзами Олмон ва Никола Саркозӣ раиси ҷумҳури Фаронса бештар шуд, ки аз ҳамоиши бештари кишварҳои ҳавзаи евро ҳарф заданд, вале роҳҳали мушаххаси бурунрафт аз бӯҳрони молӣ дар ин минтақа пешниҳод накарданд. Сармоягузорон ҳоло аз тавоноии иқтисодии чанде аз кишварҳои ҳавзаи евро нигаронанд, ки дефитсити буҷаашон бузургтар шудааст.
XS
SM
MD
LG