Пайвандҳои дастрасӣ

Даъвати Ҳилларӣ Клинтон аз Арабистону Туркия


Ҳилларӣ Клинтон, вазири умури хориҷии Амрико (чап)

Ҳилларӣ Клинтон, вазири умури хориҷии Амрико (чап)

Вазири умури хориҷии Амрико гуфт, Туркияву Арабистон бояд ба Башшор Асад бигӯянд, то аз қудрат биравад.

Бино ба гузориши хабаргузории Фаронса, хонум Клинтон гуфтааст: "Агар Амрико дархости хуруҷи Башшор Асад аз қудратро матраҳ кунад, иттифоқе намеафтад ва дигар кишварҳо танҳо шунаванда хоҳанд буд. Аммо агар Туркия ё Абдуллоҳ, подшоҳи Арабистони Саудӣ ё дигарон бигӯянд, дигар ҳеҷ роҳе нест, ки ҳокимони мустақар дар Димишқ битавонанд ин паёмро ношунида бигиранд."

Ҳилларӣ Клинтон, ки ҳамроҳи вазири дифоъи Амрико дар ҷаласае дар Донишгоҳи миллии дифоии ИМА ҳозир шуда буд, дар посух ба ин пурсиш, ки оё билохира давлати Барак Обама мавқеъе барои хуруҷи Башшор Асад аз қудрат хоҳад гирифт ё на, гуфт: "Ман бовар дорам, ки даст ёфтан ба натиҷа муҳимтар аз мавзеъгирии лафзӣ аст."

Вазири умури хориҷии Амрико афзуд: "Кишварҳои минтақа, аз ҷумла Туркия ва Арабистони Саудӣ таъсири бештаре рӯи Сурия доранд. Вале мо муддатҳост, ки даргири чолишҳои зиёде бо ҳокимияти Сурия ҳастем."

Нерӯҳои низомӣ, дарёӣ ва амниятии Сурия рӯзи сешанбе барои чаҳорумин рӯз ба ҳамлаҳои худ ба бандари Лозиқия идома доданд.

Созмони милали муттаҳид низ мегӯяд, тақрибан 5 ҳазор паноҳҷӯи фаластинӣ аз тарси тирандозии нерӯҳои Сурия аз шаҳри бандарии Лозиқия гурехтаанд. Дар ин шаҳр, ба гуфтаи фаъолони ҳуқуқ, дар чанд рӯзи гузашта камаш 27 нафар кушта шудаанд.



Агарчӣ ҷомеаи ҷаҳонӣ аз давлати Сурия хостааст, хушунату зӯроварӣ алайҳи тазоҳургаронро хотима бахшад, аммо ба рағми ин даъватҳо, нерӯҳои давлатӣ саркӯби мардуми норозӣ аз сиёсати давлати Башшор Асадро шиддат бахшидаанд.

Созмони Авфи Байнулмилал мегӯяд, аз замони шурӯи қиёмҳои мардумӣ алайҳи давлати Сурия, ки миёнаҳои моҳи март шурӯъ шуд, то кунун 1 ҳазору 700 нафар кушта шудаанд.

Ба гуфтаи фаъолони ҳуқуқи инсон, дасти кам 12 ҳазор нафари дигарро барои ширкат дар тазоҳурот зиндонӣ кардаанд. Давлати Сурия мегӯяд, дар ҷараёни нооромиҳо 500 сарбозашро талаф додааст. Аммо бинобар ҳузур надоштани хабарнигорони хориҷӣ ва намояндагони созмонҳои байнулмилалии ҳуқуқи инсон дар Сурия, таъйиди дурустии гузоришҳо номумкин шудааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG