Пайвандҳои дастрасӣ

Афзоиши корбарони Facebook дар Осиёи Марказӣ


facebook

facebook

Бино ба хабарҳо, шумораи корбарони Facebook дар Осиёи Марказӣ то 16 август ба 453,94 ҳазор нафар расидааст ва ба ним миллион нафар наздик мешавад. Дар давоми ним соли ахир ин шумора тақрибан 10 дарсад афзоиш ёфтааст. Дар миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ Қазоқистон мавқеи аввалро ишғол кардааст ва дар миёни кишварҳои ҷаҳон дар зинаи 105 қарор дорад. Шумораи корбарони Facebook дар Қазоқистон тақрибан 290 ҳазор нафар аст. Узбакистон дар мақоми дуввум ва шумораи корбаронаш бештар аз 82 ҳазор нафар аст. Қирғизистон дар мақоми севвум аст ва 48 ҳазор корбари Facebook дорад. Тоҷикистон дар мақоми чаҳорум ва шумораи корбаронаш 21,46 ҳазор нафар ва Туркманистон дар мақоми панҷум аст ва корбаронаш 12,56 ҳазор нафарро ташкил медиҳад.
XS
SM
MD
LG