Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амрико фармондеҳ Задронро террорист муаррефӣ кард


Давлати Барак Обама-раиси ҷумҳури Амрико Мулло Сангин Задрон-яке аз фармондеҳони калидии Толибон дар ҷануби Афғонистонро террорист арзёбӣ кард ва дороиҳои вайро дар Амрико мунҷамид сохт. Ба амрикоиён низ пешниҳод шудааст, ки бо вай кор ё тиҷорат накунанд. Мулло Сангин Задрон волии Толибон дар вилояти Пактико ва фармондеҳи шабакаи Ҳаққонӣ дониста мешавад. Дар хабар омадааст, Задрон раҳбарии чанд ҳамлаи террористиро бар дӯш доштааст ва ба садҳо нафар шӯришиёни хориҷӣ кӯмак кардааст, ки вориди хоки Афғонистон шаванд. Вай дар марз бо Покистон фаъолият мекунад ва дар рабудани коршиносони хориҷӣ низ даст дорад.
XS
SM
MD
LG