Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Панетта: Амрико бояд муносибот бо Покистонро беҳбуд бахшад


Панетта бо Клинтон
Панетта бо Клинтон
Леон Панетта-вазири дифои Амрико мегӯяд, Вошингтон чораи дигар надорад ба ҷуз ин, ки муносиботи сардшудаи худро бо Исломобод беҳбуд бахшад, зеро дар мубориза бо шабакаи террористии Ал Қоида ба кӯмаки Покистон ниёз дорад. Зимни суханони худ дар як маросим, ки аз тариқи телевизион нишон дода мешуд, Панетта як ҷо бо хонум Ҳилларӣ Клинтон-вазири корҳои хориҷаи Амрико изҳор дошт, ки Покистон кишвари дорои аслиҳаи ҳастаӣ дар минтақа ва нируи муҳимест ва Амрико дар он ҷо бо терроризм мубориза мекунад. Леон Панетта як моҳ пеш ба курсии вазири дифои Амрико нишаст. Вай аз соли 2009 ба ин сӯ раиси Си Ай Эй ё ЦРУ буд.
XS
SM
MD
LG