Пайвандҳои дастрасӣ

Чаҳоргонаи Ховари Миёна аз Исроил интиқод кард


Чаҳоргонаи Ховари Миёна аз Исроил интиқод кард, зеро ин кишвар мехоҳад дар Каронаи Ғарбӣ сохтмони маҳаллоти яҳудинишинро густариш диҳад. Ин чаҳоргона чунин иқдоми Исроилро хатаре ба талошҳои сулҳҷӯёнаи миёни Исроилу Фаластин арзёбӣ кард. Дар ин чаҳоргона Иттиҳодияи Аврупо, Русия, СММ ва Амрико шомил мешаванд. Онҳо аз эъломияи ахири Исроил дар бораи нақшаҳои сохтмонӣ дар маҳале бо номи Ариел ва Байтулмуқаддаси Шарқӣ шадидан изҳори нигаронӣ карданд. Чаҳоргонаи Ховари Миёна мегӯяд, чунин масъалаҳо бояд дар музокирот баррасӣ ва ҳал шавад ва дар оянда Байтулмуқаддас бояд аз тасмимҳои якҷониба худдорӣ кунад. Тибқи нақшаи эълоншуда Исроил мехоҳад дар Каронаи Ғарбӣ 277 хонаи нав созад.
XS
SM
MD
LG