Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баъд аз мулоқоти Меркел ва Саркозӣ бозор поин рафт


Ангела Меркел ва Никола Саркозӣ
Ангела Меркел ва Никола Саркозӣ
Бо вуҷуди пешниҳодҳои раҳбарони Олмону Фаронса дар бораи канор гузоштани ҳар гуна нигаронӣ аз бӯҳрони қарзи Аврупо бозорҳои саҳоми Амрико бо нишондодҳои поинтаре баста шуданд. Dow Jones, S&P 500 ва NASDAQ тамоми пешрафтҳоеро, ки дар давоми се рӯзи ахир доштанд, аз даст доданд. Рӯзи сешанбе Ангела Меркел-нахуствазири Олмон ва Никола Саркозӣ-раиси ҷумҳури Фаронса нақшаҳои ҳамгероии бештари кишварҳои Аврупоиро эълон карданд, кишварҳоеро, ки аз евро истифода мекунанд. Ҳадафи ин нақшаҳо барқарор кардани боварӣ дар бозорҳои аврупоӣ аст, зеро бӯҳрони қарз баъзе аз кишварҳои аврупоиро такон дод.
XS
SM
MD
LG