Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Урунбой Усмонов иттиҳомро рад кард


Хабарнигори Би-Би-Си Урунбой Усмонов дар рӯзи аввали мурофиаи додгоҳӣ ҳар ду иттиҳом - узвият дар Ҳизбуттаҳрир ва пинҳон нигаҳ доштани ҷиноятро рад кард. Мурофиа дар боздоштгоҳи рақами 2-и Хуҷанд таҳти раёсати муовини раиси додгоҳи шаҳр Шодихон Назаров мегузарад.

Файзинисо Воҳидова, вакили дифоъи Урунбой Усмонов ба хабаргузории Азия плюс гуфтааст, чаҳор нафари ҳамроҳ бо шахси ҳимояташ дар курсии гумонбарон нишаста - Абдунабӣ Абдулқодиров, Яҳёхон Раҳмонхуҷаев, Талъат Мавлонов ва Иброҳимбек Маҳмудов иқрор карданд, ки онҳо узви Ҳизбуттаҳриранд.

Хонум Воҳидова афзудааст, Урунбой Усмонов узвияташ дар Ҳизбуттаҳрирро рад карда ва гуфтааст, ки бо тақозои касб солҳои зиёд дар бораи фаъолияти созмонҳои ифротгаро гузориш менависад ва дар бораи сӯҳбатҳо бо аъзои он ба мақомоти ҳифзи тартибот хабар доданро зарур надонистааст.

Мақомоти Би-Би-Си низ иддаоҳо дар бораи иртиботи хабарнигораш бо Ҳизбуттаҳрирро бепоя хонда, чанд ин бор эълом доштанд, ки “анҷоми мусоҳибаҳо бо афроди дорои дидгоҳ ва назарҳои мухталиф бахше аз фаъолияти ҳар яке аз рӯзноманигори ин Би-би-сӣ мебошад.”

Хабарнигори бахши узбакии Би-Би-Си 13 июн боздошт ва баъд аз як моҳ шартан аз маҳбас раҳо шуда буд. Боздошти ӯ вокунишҳои манфиии созмонҳои хабарнигорӣ ва ҳуқуқи башар ва дипломатҳои хориҷии муқими Тоҷикистонро ба бор оварда буд.
XS
SM
MD
LG