Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар марзи Тоҷикистону Афғонистон боз як пул бунёд шуд


Яке аз купрукҳо дар марзи Тоҷикистону Афғонистон (аз бойгонӣ)
Яке аз купрукҳо дар марзи Тоҷикистону Афғонистон (аз бойгонӣ)
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, имрӯз дар маросими мавриди истифода қарор додани як купрук аз болои рӯдхонаи Панҷ дар деҳаи Хумроғи ноҳияи Ванҷ ширкат ва суханронӣ кард. Дар ин маросим як ҳайат аз Афғонистон ҳам ҳузур дошт.

Тарҳи бунёди ин пул аз сӯи ҳукуматҳои Тоҷикистону Афғонистон ва Бунёди Оғохон тарҳрезӣ шуда буд.

Дарозии купрук 216 метр ва бараш 5 метр буда, барои бунёди он тақрибан 12 миллион сомонӣ сарф гардид.

Купрук дар деҳаи Хумроғ чаҳорумин пулест, ки дар марзи Тоҷикистону Афғонистон дар минтақаи Бадахшон сохта шудааст.
XS
SM
MD
LG