Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Салла, дастор, аммома. Як пора матоъ ё рамзи Ислом?


Сайидмукаррами Абдулқодирзода, муфтии мусулмонони Тоҷикистон (байн) ва имом-хатиби масҷиди "Яккачинор"-и шаҳри Душанбе, ки дар сар дастор доранд...
Сайидмукаррами Абдулқодирзода, муфтии мусулмонони Тоҷикистон (байн) ва имом-хатиби масҷиди "Яккачинор"-и шаҳри Душанбе, ки дар сар дастор доранд...

Мусулмонҳо бо бастани салла ё дастор аз одатҳои деринае, ки хоси дини Ислом аст, муроот мекунанд.

Ҳоло ҳар нафаре, ки дар рӯ ба рӯ бо Шумо биистад ва дар сар салла ё аммома дошта бошад, бидуни андеша таъйин мекунед, ки ин нафар ба камияш мусулмони тақводор, ба бешаш як шахси рӯҳонӣ аст.

Агар яҳудиҳо бо арақчини гирд ва кӯчаке, ки дар тори сар мегузоранд, ва
Пайғамбари
дини Ислом ду навъи салла доштанд, ки дарозии яке аз он 12 газ ва дигаре 6 газ буд
...
масеҳиҳои мазҳабӣ бо кулоҳи гунбазшакли сиёҳ фарқ кунанд, мусулмонҳо бо ҳамин дастор аз мусулмонии худ паём медиҳанд.

Ҳарчанд дар фасли гармо мусулмонҳо ба ҷои дастор тоқии сафед ё ба истилоҳ арақчини сафед ба сар мегузоранд, вале муллоҳо ва имомхатибону намояндаҳои бо мартабаи мазҳабӣ ҳангоми намоз ҳатман салла мебанданд.

Ба сари писарбачагони синни хатна дар рӯзи сури онҳо гузоштани саллачаҳои ороста шояд аломати он бошад, ки ин навъи кӯлоҳ аз замонҳои қадим ба мардуми мо хос буд ва маънии комилан мазҳабӣ надорад. Бархе аз ҳайкалчаҳои моқабли Ислом низ бо навъе аз дастор сохта шудаанд.


лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:33 0:00
Линки мустақим



Аҳмад Махдуми Дониш, файласуф ва рӯшангари садаи 19-и тоҷик, ки худ калла ва мутаносибан саллаи калон дошт, дар "Наводир-ул-вақоеъ" саллаи бадҳайбати бархе аз рӯҳониёнро зери тозиёнаи тамасхур гирифтааст ва таъбири машҳури "як нахӯд каллаву як ман дастор" ба ӯ нисбат дода мешавад.

Дар бораи ин ки чаро мардуми мусулмон аслан дастор мебандад ва ин чӣ фазилат дорад, назарҳо мухталифанд. Эшони Маҳмудҷон Тӯраҷонзода, аз рӯҳониёни саршинос ва имом-хатиби масҷиди "Муҳамаддия", воқеъ дар ноҳияи Ваҳдат, мегӯяд, ки
Эшони Маҳмудҷон Тӯраҷонзода, имом-хатиби масҷиди "Муҳаммадия"
аммома дар даврони пеш аз Ислом дар миёни арабҳо маъруф буд ва арабҳо онро ба хотири ҳифзи чашмҳо аз хокбоди биёбонҳо мепӯшиданд.

"Дар даврони ҷоҳилият, яъне қабл аз Ислом мардуми араб барои ҳифзи чашму рӯ ва гӯшу биниашон аз регҳои тӯфонии биёбон дастор мебастанд. Яъне, қабл аз Ислом дастор истифода мешуд. Баъдан ин симои хоси мусулмонҳо шуд. Пайғамбари ислом ду навъи салла доштанд, ки дарозии яке аз он 12 газ ва дигарӣ 6 газ буд. Баъзан дасторҳо ду фаш дошт, дар баъзе вақт як фаш мекарданд ва аз зери манаҳ ба пушт меандохтанд. Дар Тоҷикистон фаши кӯтоҳтар аз ин, роиҷ аст",-афзуд ӯ.

Баъзе аз рӯҳониёни дигар дар мавриди фазилатҳои дастор ё аммома ба ин назаранд, ки вақте мусулмонҳо ба хотири ҷиҳоду юришҳо солҳо аз хонаҳои худ дар дуриҳо ба сар мебурданд, аз дастор гоҳе ҳамчун дастархон истифода мекарданд ва гоҳе ҳангоми фавтидани марди мусулмон дастор ҳамчун кафан истифода мешудааст.

Зубайдуллои Розиқ
Зубайдуллоҳи Розиқ, яке аз рӯҳониёни шинохта чанд хосияти дигари салларо бармешумурад, ки мусулмонҳо аз рӯи зарурат истифода мекунанд: "Дар фасли сармо барои ҳифзи сар аз сардиҳо ва ё дар фасли гармо ҳамчун соягии чашм ё ҳангоми кор дасторро дар миён мебанданд. Дар бораи хосияти салла дар миёни мардум ҳарфу назарҳои зиёд аст."

Бархе аз афроди ғайримусулмон ё мусулмонҳое, ки аз фазилатҳои дастор огоҳӣ надоранд, суол медиҳанд, ки оё тарзи бастани салла метавонад мушаххас кунад, ки соҳиби салла пайрави кадом мазҳаби Ислом мебошад?

Дар посух ба ҳамин суол Зубайдуллоҳи Розиқ мегӯяд, ки то андозае тарзи бастани салла маълум хоҳад кард, ки кӣ пайрави кадом мазҳаби Ислом аст: "Онҳоеро, ки танҳо дар гирди сар салларо тоб медиҳанду фаш намегузоранд, ба гумони ғолиб рофизӣ мегӯянд. Онҳоеро, ки дар Эрону Афғонистону Тоҷикистон салларо бисёр калон мебанданд, аслан ҳанафӣ ҳастанд. Баъзе
афроде, ки дар Эрон худро аз авлоди пайғамбар медонанду ва онро исбот кардан мехоҳанд, саллаи сиёҳ ба сар мегузоранд."

Аммо баъзе аз рӯҳониёни дигар мегӯянд, ки рангу шаклу тарзи бастани дастор дар миёни мазҳабҳо чандон фарқе намегузорад, фақат ин ки фаши уламои ислом ва рӯҳониён дарозтар аз фаши дастори мардуми авом будааст.

“Агар ба ҳайси як имомахатиб ва ё пешнамоз бидуни салла адои намоз кардед намози шумо дуруст аст?” Ин суоли содда, вале хеле ҷиддӣ барои мардуми мусулмон ҳануз ҳам матраҳ аст.

Эшони Маҳмудҷон Тӯраҷонзода, имом-хатиби масҷиди "Муҳаммадия" мегӯяд: "Ҳар нафаре, ки бо дастор намоз хонад,

фазилаташ бисёр аз он намозе ҳаст, ки бидуни салла хонда мешавад. Вале ин ки мегӯянд, "бе дастор намоз гузоштем ё бе дастор имоматӣ кардем намози мо макруҳ аст", ин нодуруст аст. Сад дар сад қабул аст, танҳо аз савоби дастор маҳрум мешавем."

Ба фарқ аз панҷ соли қабл, ончуноне ки дар хиёбонҳои шаҳри Душанбе ва дар намозҳои ҷумъа ба назар мерасад, мардум хеле кам дастор ба сар мегузоранд ва бо дастор мегарданд. Ба ҷои дастор аксари рӯҳониён тоқии сафедеро, ки умдатан ҳоҷиҳо аз Саудия меоранд, ба сар мегузоранд. Ҷавонҳо низ аз ҳамин навъ кулоҳ истифода мекунанд.

Ба назар мерасад, норӯшаниҳои фазилати дастору аммома ва боқӣ мондани назару андешаҳои мухталиф дар ин бора ҳанӯз роҳеро барои мӯди салла дар Тоҷикистон бозу ҳамвор накардааст.
XS
SM
MD
LG