Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дар Қирғизистон пешбарии номзадҳо, марҳалаи дигаре аз корзори интихоботи рӯзи 30 октябри раёсати ин ҷумҳурӣ ба поён расид.

То шоми 15-уми август 83 нафар ба ин симат пешбарӣ шудаанд: 16 нафар аз ҷониби аҳзоби сиёсӣ ва 67 тани дигар аз роҳи худпешбарӣ.

Қирғизистон ғолибан дар ин тирамоҳ як намунаи тақрибан дар 20
Президенти Қирғизистон барои
6 сол интихоб мешавад
ва як нафар ҳаққи бештар аз як
давраи раёсатро надорад...

соли охир дар Осиёи Марказӣ бесобиқаи интихоботи пуррақобатро ба намоиш хоҳад гузошт.

Баъд аз суқути СССР интихоботҳо дар ин минтақа ё ба сурати бидуни алтернатива мегузаштанд ваё бо роҳ додани чанд номзади хасакӣ дар канори президентҳои кунунӣ ва ё бо роҳи боз ҳам осонтари тамдиди замони раёсати онҳо тавассути райъпурсӣ.

Вале дар ҳар ҳолат раҳбарони феълӣ гӯиё бо касби 80 дарсаду 90 дарсади оро ва ҳатто бештар ғалаба мекунанд. Аммо ҳавои корзори интихоботи имсолаи Қирғизистон аз ин ҳама комилан фарқ мекунад.

83 номзад! Корзори интихоботиеро бо чунин вусъат ҳеҷ кадоме аз 5 кишвари Осиёи Марказӣ то ҳол ёд надорад. Танҳо мавриди қобили қиёс бо он шояд интихоботи раёсатҷумҳурии Тоҷикистон дар тирамоҳи соли 1991 бошад, ки бо ширкати 10 номзад гузашт ва бо пирӯзии Раҳмон Набиев анҷом шуд.

Акбари Турсон (чап) ва Давлат Худоназаров
Давлат Худоназаров, рақиби аслии Набиев дар он интихоботи 20 сол пеш мегӯяд, озодиҳои он даврон аз охирин вазишҳои насими бозсозии Михаил Горбачёв буд, ки меъёр нашуд, балки ба муҷарради аз байн рафтани Шӯравӣ низ ба зудӣ аз байн рафт: “Он муҳит муҳити Горбачёв буд. Интихоботи якум соли 1989 ба Шӯрои олӣ буд, ки аз интихоботҳои қаблӣ дар СССР куллан фарқ мекард. Яъне инҳо ҳарчанд пурра озод набуданд, вале аломатҳои озодӣ доштанд. Аммо баъди он дар Шӯравии собиқ, ба истиснои Соҳили Балтик ва бахше аз Қафқоз, албатта, ҳамаи интихоботҳо чунин озодиро дигар надоштанд.”

Аз он ба баъд дар ин 20 сол боз ҳам ба истиснои Қирғизистон дар боқӣ кишварҳои Осиёи Марказӣ ягон интихоботи парлумонӣ ё президентие доир нашуд, ки ҷавобгӯи меъёрҳои байналмилалӣ бошад. Як умумияти дигар монандии вазъи пешазинтихоботии ду кишвар аст.

Тоҷикистон дар тирамоҳи соли 1991 дар чанги ихтилофоти сахти сиёсие қарор дошт, ки интихобот ҳам рафъаш накард ва алакай дар баҳори соли 1992 ин кишварро ба коми ҷанги шаҳрвандӣ фурӯ дод. Қирғизистон низ аз суқути давлати Қурмонбек Боқиев дар апрели соли 2010 то ин интихобот якуним соли пурчолишеро тай зад, ки як
Алмосбек Ҳотамбоев

саҳифаи хунинаш, албатта, даргириҳои пурқурбонии як соли пеш байни узбакҳову қирғизҳо дар Ӯшу Ҷалолобод буд ва ба бовари маҳофил, хатари ҳатто аз ҳам пошидани Қирғизистон ба маҳзи идомаи ихтилофоти сиёсиаш таҳдиде то ҳол воқеъӣ боқӣ мемонад.

Сарвазири Қирғизистон Алмосбек Ҳотамбоев низ зимни пешбарии номзадиаш дар анҷумани ҳизби сотсиал-демократ гуфт, нирӯҳое дар дохил ва хориҷ ҳавои таҷзияи ин кишварро дар сар доранд ва як ҳадафи ӯ аз рафтан ба интихобот ҷилавгирӣ аз чунин таҳавули вазъ ва ҳифзи истиқлол ва якпорчагии Қирғизистон аст: “Мақсади ҳамаи мо бояд яке бошад: Мо дар ин интихобот бояд мардумро муттаҳид кунем. Мо бояд ҳикмати гузаштагон ва Манаси бузургро пеши назар дошта бошем ва бо як шеваи наву тоза ба пеши мардум биравем.”

Роза Отунбоева, раисиҷумҳури феълии Қирғизистон дар интихоботи рӯзи 30 октябр ширкат намекунад ва ин ҳам аз вижагиҳои ин маърака аст. Отунбоева, ба ин тартиб, нахустин раҳбари Осиёи Марказӣ хоҳад шуд, ки ихтиёран тарки мақом мекунад. Ду чунин мавриди табдили раҳбар дар Қирғизистон дар солҳои 2006 ва 2010 бар асари ошӯбу эътирозҳои мардум сурат гирифт ва силсилаи
Роза Отунбоева, раисиҷумҳури кунунии Қирғизистон

табдили пайдарпайи раҳбарони аввали кишвар дар Тоҷикистон дар солҳои 1991 ва 1992 асосан натиҷаи ё эътирозҳо ваё фишори гурӯҳҳои силоҳбадаст буд.

Аммо дар миёни 83 нафаре, ки мехоҳанд ҷойгузини Отунбоева шаванд, танҳо 16 нафар номзадҳои аҳзоби сиёсии Қирғизистон буда, 67 муддаии дигар аз тариқи худпешбарӣ ба ин корзор медароянд. Рӯйхати ин довталабон хеле тӯлонист ва мураккаб аз раиси колхозу устои нирӯгоҳи Қамбар-Ота, академику мудири корхонаи шаробсозии Қара-Болта ё раиси шӯъбаи милисаи ноҳияи Октябр ва дар маҷмӯъ фарогири 6 номзади зан, 6 журналист, 7 олими соҳибунвон, дастикам 5 афсари баландрутба, 3 бознишаста ва ҳам 12 нафаре, бо шумули шахсиятҳои баҳсбарангезе, чун додситони пешини Қирғизистон Қувватбек Байболов, ки тавре дар аризаашон омадааст, “муваққатан кор намекунанд.”

Таҳлилгари қирғиз Кубаничбек Умаралиев мегӯяд, мароҳили баъдии корзори интихоботӣ, аз ҷумла зарурати супурдани 100 000 сом ҳаққи номзадӣ ва 30 000 имзои тарафдорон ва имтиҳон аз забони давлатӣ ин корвони номзадҳои дар ҳоли ҳозир шоистаи китоби рекодҳои Гиннессро хеле коҳиш хоҳад дод, вале дар ҳар сурат, Қирғизистонро ба маҳзи ин маърака тирамоҳи гарму доғе дар пеш аст: “Аввалан, бори аввал чунин интихоботи озодтар ва бо ширкати ин қадар номзад доир хоҳад шуд. Албатта, ин як интихоботи комилан озоду ҳалол ва орӣ аз васоили маъмуриву харидани оро нахоҳад шуд. Ин дар шароити ҳозир имкон надорад, вале дар қиёс бо ҳамсояҳо интихоботи Қирғизистон беҳамтост. Омили дигар теъдоди номзадҳост. Аммо аз онҳо шояд сарвазир Ҳотамбоев, Қамчибек Тошиев ё Адахон Мадумаров, дар маҷмӯъ ягон 5 нафар шонси бештар доранд. Вале баъид аст, ки интихобот дар даври аввал хулоса шавад, балки фикр мекунам, даври дуввум ногузир аст.”

Алмосбек Ҳотамбоев гуфтааст, ки ӯ ба хотири пешгирӣ аз таъсири манобеъи маъмурӣ ба натоиҷи интихобот ҳанӯз якуним моҳ қабл аз ин раъйгирӣ рухсатӣ хоҳад гирифт. Ҳотамбоев бо назардошти интихоботи як сол қабли парлумонӣ ҳамоно нигарони бар натоиҷи интихобот фаъолона нуфузу таъсир ҷустани гурӯҳҳои ҷиноист.

Таҳлилгари қирғиз Ишимбой Абдураззоқов низ имкони коҳиш ёфтани мизони корбурди аҳроми маъмурӣ дар интихоботи 30 октябрро баъид намедонад, вале мегӯяд, манобеъи маъмурӣ ҳамеша як роҳи аслии тақаллуби оро дар интихоботҳои Осиёи Марказӣ буду ҳаст ва гумон аст, ки мақомоти қирғиз ба чунин осонӣ ва батамом аз он дасту дил бишӯянд: “Ҳамон шеваи маъмурӣ тавассути маблағгузорӣ аз ҷайби давлат ва тақсимоту ҷудоии минтақавиву қабилавӣ то ҳол боқист. Ҳанӯз роҳи комилан аз байн бурдани ин масоилро пайдо накардаанд.”

Президенти Қирғизистон барои 6 сол интихоб мешавад ва як нафар ҳаққи бештар аз як давраи раёсатро надорад. Ҳаққи номзадӣ ба ин мақомро атбоъи фақат Қирғизистон, бо собиқаи на камтар аз 15 соли зиндагӣ дар ин кишвар ва синни ҳадди ақал 35- ва ҳадди аксар то 70-сола доранд. Аммо дар Қирғизистони кунунӣ нақши сарвазир бештар аст, то аз президент. Боз як вижагии дигари ин кишвар, ки соле пеш нахустин шуда дар Осиёи Марказӣ ба низоми президентӣ падруд гуфт ва ба сохти парлумонӣ гузашт.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG