Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Мақомот мегӯянд, қарзи хориҷии кишвар "идорашаванда" аст, вале коршиносон аз пайомади ногувор ҳушдор медиҳанд.

Қарзи хориҷии Тоҷикистон акнун аз 2 миллиард доллар гузашта, ба 33 дарсади маҷмӯъи маҳсулоти дохилии кишвар баробар шудааст.

Вазири молияи Тоҷикистон, Сафаралӣ Наҷмиддинов воми берунаи кишварро ночиз мешуморад ва ба кишварҳои пешрафтае қиёс мекунад, ки қарзи хориҷияшон то 130 %-и маҷмӯи даромади нохолиси миллии онҳоро ташкил медиҳад. Вай қарзҳои Тоҷикистонро "идорашаванда" меномад ва шояд ҳамин осудагист, ки давлати Тоҷикистон хеле осон дар пайи қарзҳои нав меафтад ва аз афзоиши бидеҳкориҳо нороҳат нест.

Аммо иқтисодшинос Ҳоҷимуҳаммад Умаров мегӯяд, осудагӣ замоне ба таҳлука ва нигаронӣ табдил меёбад, ки мӯҳлати пардохти қарзҳои хориҷии Тоҷикистон фаро расад. Чунин бӯҳрон дар Юнон, Исландия, Портулагия, Испания, Италия ва ҳатто Иёлоти Муттаҳида Амрико иттифоқ афтод.

Бархӯрди дӯстонаи Сандуқи байнулмилалии Пул ва Иттиҳоди Аврупо ин кишварҳоро аз варшикастагии комил наҷот дод. Ин ҳолат ҳам дида шуд, ки Чин талош кард, бо истифода аз бӯҳрони Аврупо дороиҳои асосии ин кишварҳоро харидорӣ кунад. Зимнан бахши умдаи 2 миллиард доллар қарз ба Тоҷикистонро Чин додааст.

Идомаи мавзӯъ дар ин гузориши видеоии мо:

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG