Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фирори ҳазорон паноҳандаи фаластинӣ аз Сурия


СММ мегӯяд, тақрибан 5 000 паноҳҷӯи фаластинӣ аз тарси тирандозии нерӯҳои Сурия аз шаҳри бандарии Лозиқия гурехтаанд.

Дар ин шаҳр, ба гуфтаи фаъолони ҳуқуқ, дар чанд рӯзи гузашта камаш 27 нафар кушта шуданд.

Агарчӣ ҷомеаи ҷаҳонӣ аз давлати Сурия хостааст, хушунату зӯроварӣ
Аз замони шурӯи қиёмҳои мардумӣ алайҳи давлати Сурия то кунун 1 ҳазору 700 нафар кушта шудаанд...

алайҳи тазоҳургаронро бас кунад, аммо ба рағми ин даъватҳо, нерӯҳои давлатӣ саркӯби мардуми норозӣ аз сиёсати давлати Башшор Асадро шиддат бахшидаанд.

Созмони Милали Муттаҳид мегӯяд, бо идомаи тирандозии нерӯҳои давлатии Сурия ба шаҳри соҳилӣ ва муҳосирашудаи Лозиқия, ҳазорон паноҳандаи фаластинӣ аз бими ҷони худ, аз он шаҳр фирор кардаанд.

Кристофер Ганнес, сухангӯи, Муассисаи имдодӣ ва кори СММ гуфт, нерӯҳои хушкигард ва дарёии Сурия рӯзҳои истироҳати гузашта ҳ

амзамон ба шаҳри шимолии Лозиқия ҳамла карданд ва урдугоҳҳои паноҳандагон аз ин ҳамлаҳо эмин намондаанд.

Кристофер Гиннес афзуд, чаҳор нафар аз паноҳандагон дар ин ҳамлаҳо ҷон доданд ва ӯ аз ҳукумати Сурия хост, то шароитро барои дастрасӣ ба маҳалҳои осебдида фароҳам кунад: "Мо аз авзоъ дар урдугоҳҳои Лозиқия башиддат нигаронем, ки бештар аз нисфи паноҳандагон аз ҳудуди 5 то 10 ҳазор нафар аз он урдугоҳҳо гурехтаанд. Онҳо аз тарси тирандозиҳо аз қаиқҳо ва хушкӣ гурехтаанд. Маъмурони амниятӣ ба онҳо гуфтаанд, ки урдугоҳҳоро тарк кунанд. Мо аз ҳукумати Сурия мехоҳем, ки имкони дастрасии фаврӣ ба беморон, афроди дар ҳоли маргро фароҳам кунад ва мо тавонем иҷрои барномаҳои худро идома диҳем."

Юриши Сурия ба шаҳри Лозиқия хашми ҷомеаи ҷаҳонӣ, аз ҷумла Урдун, ҳамсоякишвари Сурияро барангехт. Давлати Туркия, ҳамсояи дигар ва дар гузашта аз шарикони наздики Сурия, аз давлати ин кишвар хост, амалиёт алайҳи тазоҳургарони зиддидавлатиро хотима диҳад ва ё подоши ин аъмоли худро хоҳад дид.

Аҳмад Довудоғлу, вазири умури хориҷии Сурия
Аҳмад Довудоғлу, вазири умури хориҷии Туркия, ки ҳафтае пеш ба Димишқ сафар кард, аз Башшор Асад, раисиҷумҳури Сурия хост, ба хунрезӣ поён диҳад ва гуфт, дар акси ҳол, “ба ғайр аз андешидани чора” алайҳи Сурия дигар ҳарфе барои гуфтан намемонад: "Ҳеҷ баҳонае барои ҳодисаҳо дар Дайр аз-Зор ва Лозиқия дар рӯзи гузашта ва имрӯз наметавонад бошад. Он чӣ ки иттифоқ афтод, аз назари риояти ҳуқуқи инсон кори дохилии худи Сурия нест. Мо имрӯз дигарбора аз режими Сурия мехоҳем, ки амалиёт алайҳи мардуми осоиштаро, ки дар шаҳрҳои бузург шиддат гирифтааст, бе қайду шарт ва фавран хотима диҳад."

Аммо бо вуҷуди ин даъватҳо, нерӯҳои вафодор ба раисиҷумҳур Башшор Асад, саркӯби тазоҳуроти саросарии зиддидавлатиро идома медиҳанд. Аз ҷумла, нерӯҳои Сурия ҳамла ба Самикиё, минтақаи ҳаммарз бо Лубнонро идома доданд.

Хабаргузории Олмон аз қавли Умар Идлибӣ, як фаъоли ҳуқуқи инсон дар шимоли Лубнон навиштааст, ки “аз Самикиё, ки ба
Эътирозҳои зидди ҳукумати Башшор Асад дар Сурия

марзи Лубнон бисёр наздик аст, садои тирандозии шадид ба гӯш мерасид.”

Марзбонони Сурия дар ин маҳал монеи чанд хонаводае шудаанд, ки аз он минтақа гурехта ва мехостанд вориди Лубнон шаванд. Созмони Авфи Байнулмилал мегӯяд, аз замони шурӯи қиёмҳои мардумӣ алайҳи давлати Сурия, ки миёнаҳои моҳи март шурӯъ шуд, то кунун 1 ҳазору 700 нафар кушта шудаанд.

Ба гуфтаи фаъолони ҳуқуқи инсон, дасти кам 12 ҳазор нафари дигарро барои ширкат дар тазоҳурот зиндонӣ кардаанд. Давлати Сурия мегӯяд, дар ҷараёни нооромиҳо 500 сарбозашро талаф додааст. Аммо бинобар ҳузур надоштани хабарнигорони хориҷӣ ва намояндагони созмонҳои байнулмилалии ҳуқуқи инсон дар Сурия, таъйиди дурустии гузоришҳо номумкин шудааст.
XS
SM
MD
LG