Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хабарнигори қазоқ то охири мӯҳлат дар зиндон мемонад


Рамазон Эсергепов (аз бойгонӣ)
Рамазон Эсергепов (аз бойгонӣ)
Дархости навбатии хабарнигори зиндонии қазоқ Рамазон Эсергепов барои озодии қабл аз мӯҳлат рад карда шуд.

Рамазон Эсергепов, сардабири нашрияи мустақили “Алмаато инфо”, соли 2009 бо иттиҳоми ифшои сирри давлатӣ барои се сол маҳкум ба зиндон шуда буд. Матлаби ӯ "Ба кишвар кӣ раҳбарӣ мекунад - раисиҷумҳур ё КГБ?" боиси боздошт ва ҳабс гардид.

Равшан Эсергепова, хонуми хабарнигори зиндонӣ, ба бахши қазоқии Радиои Озодӣ хабар дод, ки комиссиюни маҳбаси шаҳри Тироз, воқеъ дар ҷануби Қазоқистон, ахиран қарор кард, ки рӯзноманигор ҳанӯз ислоҳ нашудааст.

Мӯҳлати ҳабси Рамазон Эсергепов аввалҳои соли оянда хатм мешавад. Дархости аввали хабарнигор барои озодӣ ҳам рад шуда буд.

Ҷонибдорони Эсергепов мегӯянд, ки парвандаи ӯ ангезаи сиёсӣ дорад ва яке аз ҳадафҳо қатъи нашрияи мухолифи ҳукумат буд. Баъд аз ҳабси Эсергепов нашрияи мустақили “Алмаато инфо” ҳам аз фаъолият бозмонд.
XS
SM
MD
LG