Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print
Дар вилояти Сичуани Чин як рӯҳонии 29-солаи тибетӣ худро оташ зад. Дар ин бора хабаргузории Синхуа иттилоъ додааст.

Ба гуфтаи масъулини созмони дифоъ аз ҳуқуқи башари Free Tibet, рӯҳонии тибетӣ ба ин васила алайҳи таъқиби тибетиҳо дар Чин эътироз кардааст.

Дар Сичуан тибетиҳои зиёде ба сар мебаранд ва дар он ҷо чанд ибодатгоҳи буддоӣ бунёд шудааст.

Ин дуввумин худсӯзии рӯҳонии тибетӣ дар моҳҳои ахир аст. Ба навиштаи хабаргузориҳо, нерӯҳои амниятӣ ибодатгоҳеро, ки ин ҳодиса рӯй додааст, иҳота кардаанд.
XS
SM
MD
LG